Тавре сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон  Амирбеки Темур ба радиои “Тоҷикистон”  иттилоъ дод,  соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии вилоят дар майдони 379 гектар кишти каду, 10 ҳазору 530 гектар кишти тарбуз ва 1932 гектар кишти харбуза гузаронида шудааст.

Бино ба итттилои манбаъ ба ҳолати 28 август хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии вилояти Хатлон  ба миқдори 7 ҳазору 708 тонна каду, 277 ҳазору 463 тонна тарбуз ва 46 ҳазору 484 тонна харбуза истеҳсол намуда, имрўзҳо ҷараёни ҷамъоварии ҳосил дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  идома дорад.

Машраб Маликов

радиои “Тоҷикистон”