Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистон ҷиҳати пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш  устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатӣ  пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистонро   оид ба  пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ  намуданд. 

Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода,  раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм Рамазон Одиназода ва дигарон  вобаста ба дастовардҳои даврони истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сухан гуфтанд.

Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат  ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.

Ҳамчунин кормандон, устодон ва донишҷӯёну магистрон дар мавзӯъҳои “Нақши Пешвои миллат дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон ва рушди ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон”, “Занон ва нақши онҳо дар роҳи рушди давлатдории миллӣ” маърӯза карданд. Зикр шуд, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст.

Маҳз пуштибонии зиёди занони тоҷик пас аз соҳибистиқлол гаштани мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва оид ба беҳбудии вазъи занон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расид.

Зимни ҳамоиш устодон, кормандон, донишҷӯёну магистрантон бо шиорҳои “Пешвои миллат- номзади арзанда”, “Поянда бод мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон!”, “Пешвои сулҳофару ваҳдатовар” ва “Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!” миннатдории самимии худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайвастаашон баён доштанд.