Бинобар иттилои  Вазорати мухобироти кишвари  Гаити  дар тӯфони тропикии “Лаура”, ки дар  ин кишвар рӯх додааст, панҷ нафар  ба ҳалокат расидааст. 

Дар ин бора расонаҳои русӣ иттилоъ медиҳанд. Бинобар навиштаи манбаъҳои  гуногун   хадамоти наҷодиҳии ин кишвар ҳолати фавқулода эълон кардаанд.   Гуфта мешавад, ки мутахассисон барои барқарор кардани шабакаи барқ, роҳ ва инфрасохтори дигар, ки аз офати мазкур осеб дидааанд бартараф мекунанд. Обуҳавосанҷони  кишвари  Гаити гуфтаанд, ки тӯфони тропикӣ, ки “Лаура” номида шудааст, дар уқёнуси шимолии Атлантикаи Шимолӣ ба вуҷуд омадааст ва ба сӯи ғарб меравад.

Тибқи маълумоти охирин, тӯфон аз Ҷумҳурии Доминикан ба самти Куба ҳаракат мекунад.