Баробари шурўи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар масъалаҳои печидаи соҳаи маориф дигарбора дар маркази таваҷҷуҳи корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук қарор гирифт. Дар ҳафтаи ҷорӣ корбарон атрофи муаммои баланд гардидани маблағи  шартномаи солонаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баҳси доғе ба по карданд.

Баҳси мазкур дар пояи як матлаби муфассал атрофи ҳамин мавзўъ, ки рўзноманигор Ҷамила Мирбозхонова дар ҳафтаномаи «Фараж» ба нашр расонида ва баъдан ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ роҳ ёфт, сурат пазируфт. Муаллиф дар оғози матлаб аз шикояти Насим ном падари як донишҷў қисса мекунад, ки ба гуфтаи ў: «…писараш донишҷӯи соли чоруми факултаи ҳуқуқшиносии яке аз донишгоҳҳост. Аввал шартномаи пардохти нархи солонаи таҳсил 12 ҳазор сомонӣ буд, вале имсол маҳз ҳамин факулта барои довталабони соли хониши соли 2020 бо маблағи то 17 ҳазору 200 сомонӣ боло бурдаанд. – Ин чӣ гуна нарх аст ва он ҳам дар шароити Тоҷикистон? Танҳо ихтисосҳое чун механик- математик ва факултаи физика нархномаи худро дигар накардаанд: 4 ҳазору 150 сомонӣ буд, ҳамчунин боқӣ мондааст. Аммо дар факултаҳои “обрӯдоре” чун иқтисод ва идора, ки соли гузашта шартнома 9 ҳазору 500 сомонӣ буд, имсол онро ба 10 ҳазору 700 сомонӣ боло бурдаанд»

Дар қисмати шарҳи ин матлаб, Фирўз Одинаев, як корбар аз беназоратӣ рўйи фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳо изҳори нигаронӣ намуда, натиҷаи ин хунукназариро маҳз дар ин дидааст, ки масъулини онҳо бо хоҳиши дил ҳар қадар нархе, ки хоҳанд, гузоштан мегиранд.   «Нархро боло бурданӣ бошед, ҳадди ақал 5% боло баред, наход яку якбора то 30-40% боло равад! Бояд онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд!» – илова намудааст ин муаллиф.

Дар робита ба масъалаи дигаре, ки бозгўи ҳамин ҳолатҳост, Насиба Ҷабборова дахл намудааст. Ба гуфтаи ў, айни ҳол як навъ раванди литсейкунонии мактабҳои одӣ шуруъ шудааст, ки танҳо тағйирот дар ном аст ва рабте ба боло бурдани сифати таҳсилот надорад. Ҳадаф аз ин корҳо ба даст овардани маблағ аст, на чизи дигар. Масалан, ҳоло барои як хонанда дар литсейҳо солона 5 ҳазор сомонӣ бояд пардохт карда шавад. Ин муаллиф иброз намудааст: «Дар ин сурат мардуми камбағал, ки имкони пардохти ин миқдор маблағро надорад, маҷбур мешавад барои то ба як мактаби одӣ рафтан нисфи Душанберо тай кунад»

Ба бовари Субҳонқул Усмонов, яке аз истифодабарандагон, дар сурати таҳсил намудан бо ин миқдор маблағи ҳангуфти шартнома, дилхоҳ соҳибтахассус, ки дар оянда ба кор ҷалб шавад, ҳатман ба гирифтани ришва майл мекунад ва сатҳи коррупсия дар кишвар боло меравад, чунки ин ҳама хароҷот касро намегузорад, ки танҳо бо як маош қаноат кунӣ.

Суоли Азиз Пулодов, яке аз иштирокдорон дар иртибот ба мавзўи мавриди баҳс ин аст, ки: «Чаро довталабон таваҷҷуҳи бештар ба касби ҳуқуқшиносӣ мекунанд? Агар мо ба ин суол посух ҷустан хоҳем, хулоса ин мешавад, ки ба бовари ҳама ба ҳайси ҳуқуқшинос кор кардан кас бою бадавлат мешавад. Яъне, ҳамон мафкураи кунд, ки ҳуқуқшиносро барои қонуншиканӣ, яъне гирифтани пора касе бозпурсӣ намекунад»

Бахтовар Маҳкамов, ки аз матлаби навиштааш маълум мешавад, ки донишҷўйи кадом як донишгоҳи кишвар аст, навиштааст: «Дар ҳақиқат шартномаи донишгоҳҳо баланд аст. Аз таҷрибаи худ бигўям, чанде пеш маблағи шартномаро пурра пардохт карда натавонистам ва ниҳоят маҷбур шудам, ба назди ректори донишгоҳ равам. Ҳолатро фаҳмонидам, ки ҳоло танҳо имкони пардохти як қисми шартномаро дорам. Мавсуф иҷозат дод, аммо вақти имтиҳонот фаро расиду бидуни пардохти пурраи маблағи шартнома маро ба имтиҳон роҳ надоданд»

Ба назари Бобомурод Ҷонмуродов, яке аз сабабҳои болоравии пули шартномаи донишгоҳҳо теъдоди аз меъёри муқарраргардида зиёди донишҷўён дар кишвар мебошад. Ин корбар гуфтааст: «Ман боварии комил дорам, ки агар мисли солҳои шўравӣ донишҷўйи соли якуми таҳсил ба хизмати ҳарбӣ равад, аз 50 то 60 %-и донишгоҳу донишкадаҳои мо бе донишҷў хоҳад монд»

Мавзўи мавриди баҳсро Фароғат Солеҳзода, яке аз масъалаҳои муҳиму ҳалталаб дониста, афзудааст: Ҳамаи мо медонем, ки ин беинсофист, ба хусус дар давраи пандемия. Лекин ба гапи мову шумо ин масъалаҳо ҳал намешаванд. Аз таваллудхона сар карда то боғчаю мактаб, беморхонаю донишгоҳ ва ғайра пул мегиранд. Ҳозир корат дар ҳама ҷо тавассути пул ҳал мешавад»

Корбаре бо исму насаби Хайр Зуҳуров чунин тавсия додааст: «Ҳозир дар мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо имкони таҳсили фосилавӣ, масалан бо забони русиву англисӣ ба вуҷуд омадааст. Фақат бо хариди як компютер ба фарзандатон иктифо мекунед ва
дар кадом мактабе, ки хоҳанд, хондан мегиранд»

Муборакшоҳ Холидов, шарҳи корбаронро вобаста ба мавзўи мазкур ғайриинтизор дониста, чунин қайд кардааст: «…Дар Тоҷикистон барои донишҷўёни болаёқат хониши ройгон ва пардохти пули моҳона аз тарафи давлат кафолат дода шудааст. Мушоҳидаҳои чанд соли ахир нишон медиҳанд, ки дар риштаҳое, ки онҷо донишҳои таҷрибавӣ омўхта мешавад, солонапулии донишҷўён бо фоизи хеле кам боло меравад. Дар робита ба гарон будани шартномаи донишгоҳҳо барои аз худ кардани касби ҳуқуқшиносӣ ҳаминро мегўям, ки ҳар касе инро намехоҳад, дар он таҳсил накунад»

Суоли матраҳ, ки Зулайхо Ҳасанова, яке аз мубоҳисон дар хотимаи баҳси мазкур коштааст ва масъулинро зарур аст, ки ба он посух гўянд, ин аст: «Маблағи шартномаи донишҷўён дар кадом асос мушаххас карда мешавад? Агар дар асоси музди меҳнати коргарон тартиб дода бошанд, ба ақл рост намеояд!»

Дилшоди Муҳаммад, масъули

бахши “Афкор”-и барномаи “Бозтоб”