Имрӯз, бо иштироки олимон ва донишмандони кишвар дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  ба ифтихори 100-солагии собиқ Президенти   Академияи илмҳои  Тоҷикистон (1965-1988), узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, академик Муҳаммад Осимӣ мизи гирди байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Илм, олим ва ҷомеа”  баргузор гардид.

 Ин ҳамоиши илмиро академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуда, аз ҷумла зикр кард, ки олими барҷастаи тоҷик Муҳаммад Осимӣ тӯли 23 сол дар вазифаи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон хидмат карда, дар сатҳи байналмилалӣ, на танҳо ҳамчун олим ва таблиғгари илму фарҳанги Тоҷикистон, балки таҳқиқгари таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Шарқ эътироф гардидаст.

Дар рафти он ба ифтихори 100-солагии академик Муҳаммад Осимӣ олимон аз кишварҳои Тоҷикистон, Америка, Франсия, Ҳиндустон, Эрон, Беларус ва Ӯзбекистон онлайни баромад карда, доир ба саҳми устод Осимӣ дар болоравии иқтидори илмии Тоҷикистон, инчунин фаъолияти омӯзишӣ, роҳбарӣ ва иҷтимоии ин олими барҷастаи тоҷик маърӯзаҳои илмӣ карданд. Ҳамчунин дар ҳамоиш зикр карда шуд, ки ба муносибати солгарди олими маъруфи тоҷик асари Кароматулло Олимов таҳти унвони «Ахтари дурахшони илм» рӯи чоп омадааст.

Ба ифтихори ин санаи таърихию фарҳангӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бо ширкати пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ таҳти унвони «Академик Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили тамаддуни Осиёи Марказӣ» баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба нақша гирифта шуда буд. Вале бо сабаби пандемия ин симпозиуми байналмилалӣ ба соли оянда гузаронида шуд.

                                                                                     Гулрӯ Ниёзова

Радиои “Тоҷикистон”