Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо сафари махсус ба Ню-Йорк расман шикояти кишвараш аллайҳи Эрон дар мавриди тавофуқи ҳастаиро ба раёсати давраии Шӯрои амният таслим кардааст.

Келлӣ Крафт, намояндаи доими Амрико дар Созмони милали муттаҳид рӯзи 20 август гуфт, ки  бо ироаи санади мазкур раванди фаъол шудани созукор барои бозгардондани ҳамаи таҳримҳои вобаста ба барнома ҳастаӣ  алайҳи  Эрон расман шурӯъ  шудааст.

Дар ҳамин ҳол Бритониё, Фаронса ва Олмон дар баёнияи муштараке хитоб ба раиси Шӯрои амният навиштанд: “Олмон, Фаронса ва Бритониё дигар Амрикоро бар асоси қатънома 2231 узви “Барҷом” намедонанд ва бинобар ин эъломияи Вашингтон барои фаъол кардани ин созукорро муассир намедоннд”.

Дар ин баёния тавзеҳ шудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ё худ Барҷом,  иқдоми Амрико дар фаъол кардани ин созукор “таъсири ҳуқуқӣ” надорад ва ин кишвар амалан наметавонд механизмро фаъол кунад.  Русия ва Чин ҳам дар номаҳои ҷудогонае ба раиси Шӯрои амнияти Созмони миллал ин иқдоми Амрикоро номашруъ хондаанд.

Дар вокуниши дигар Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, ин иқдоми Амрикоро ситоиш карда ва аз ҷаҳон хостааст, то  дар ин замина аз Амрико ҳимоят кунанд. Исроил аз ибтидо бо тавофуқи ҳастаии Эрон мухолиф буд.

Бар асоси Барҷом агар кишваре аз механизми бозгашти худкори таҳримҳо истифода кунад,  Шӯрои амният 30 рӯз вақт хоҳад дошт қатъномаеро барои тамдиди таҳримҳои ҳастаӣ тасвиб кунад, дар ғайри ин сурат, таҳримҳо худ ба худ  боз хоҳад гашт.

Бояд гуфт, ки Амрико ҳафтаи  гузашта дар тасвиби пешнависи қатъномаи тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон ноком монд. Таҳрими таслиҳотии Эрон қарор аст бар асоси қатънома 2231, ки дар тайиди Барҷом тасвиб шуд,  дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба поён расад.

Амрико беш аз як сол аст дар садади тамдиди ин таҳримҳост ва мегӯяд, ки  лағви таҳрими таслиҳотии Эрон,  боиси афзоиши даргирӣ дар Ховари Миёна мешавад.  Амрико дар соли 2018 аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон  хориҷ шуд ва таҳримҳои шадидро  дар ростои сиёсати “фишори ҳадди аксар”  ба иҷро гузошт.