Мақомоти Русия  имтиёзҳои иловагиро барои ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистон ба нақша гирифтаанд,  дар ин бора  ТоҷикТА  рӯзи 20 август  бо истинод ба саҳифаи Фейсбуки Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.

Манбаъ зикр мекунад, ки ин масъала рӯзи 19 август дар мулоқоти Намояндаи тиҷоратии Русия Евгений Коренков ва муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода баррасӣ шуд. Дар мулоқот инчунин роҳбари КВЛ “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалиев низ иштирок доштааст.

Ҷонибҳо инчунин харидории  техникаҳои  марбутаи истеҳсоли Русия ба монанди  вагонҳои боркаш, мусофирбар ва махсусро мавриди баррасӣ қарор доданд.