АМИТ “Ховар” бо истинод ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ иттилоъ додааст, ки аз тарафи мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид, 

Бино ба иттилои манбаъ, 19-уми август аз тарафи мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори зершуъбаи Раёсати оперативӣ-ҷустуҷўии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Баротзода Сайфиддин Барот, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ зада, бо ин восита маблағи махсусан калонро тасарруф кардааст, дастгир гардид.

«Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Баротзода С.Б. бо моддаи 247, қ.4, банди «Б»-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад», — илова намуд манбаъ.