777

Хадамоти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо нашри хабарномае дар сомонаи расмии  Вазорат аз фаъолияти 7-солаи корхонаҳои санаоти сабук дар кишвар хулосагирӣ кардааст. Аз оморҳои овардашуда бармеояд, ки  саноати сабук дар мамлакат ҳамвора  рушд ёфтааст. Бештар аз 7 моҳи сол равон ҳам, ки зери таҳдидҳои ногаҳонии КОВИД-19 қарор гирифтааст, саноати сабук фаъолияти муътадили худро нигоҳ доштааст, аз ҷумла дар ин давра 4 корхонаю коргоҳ бо 850 ҷойҳои корӣ  ташкил шуда, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузшата 1 корхона бештар мебошад.  

Саноати сабук аз соҳаҳои афзалиятноки саноати кишвар  номида шуда, қайд мегардад, ки коркарди ашёи хоми маҳаллӣ-нахи пахта, пўст, пашм ва пилла, самаранок истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда, ташкили ҷойҳои кории нав ва вусъати истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда афзалиятҳои соҳа муайян гардидаанд.

Дар ин хабарнома омодааст, ки дар 7 соли охир бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи саноати сабук 49 корхонаю коргоҳҳо ифтитоҳ ёфтаанд, ки дар онҳо зиёда аз 7300 ҷойҳои кории нав муҳайё гардидааст. Аз ин шумора 11 корхонаю коргоҳ бо 1475 ҷойҳои корӣ дар соли 2013, 7 корхонаю коргоҳ бо 950 ҷойҳои корӣ дар соли 2014, 8 корхонаю коргоҳ бо 1710 ҷойҳои корӣ дар соли 2015, 3 корхонаю коргоҳ бо 995 ҷойҳои корӣ дар соли 2016, 5 корхонаю коргоҳ бо 600 ҷойҳои корӣ дар соли 2017, 6 корхонаю коргоҳ бо 510 ҷойҳои корӣ дар соли 2018, 5 корхонаю коргоҳ бо 280 ҷойҳои корӣ дар соли 2019 ва 4 корхонаю коргоҳ бо 850 ҷойҳои корӣ дар соли 2020 (7 моҳ) рост меоянд.

Гуфта мешавад, ки корхонаи саноатии пахтатозакунӣ саҳми назаррасе дар ин соҳа доштаанд.  Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук бо дар назар доштани саҳми корхонаҳои пахтатозакунӣ дар соли 2013–1503,0 млн сомонӣ, соли 2014–1435,0 млн сомонӣ, соли 2015–1418,0 млн сомонӣ, соли 2016–1681,0 млн сомонӣ, соли 2017–2546,0 млн сомонӣ, соли 2018–2700,0 млн сомонӣ, соли 2019–2898,0 млн сомонӣ ва ҳафт моҳи соли 2020–925,0 млн сомониро ташкил додааст.

Алҳол дар ҷумҳурӣ 18 корхонаҳои ресандагӣ бо иқтидори 80 ҳазор тонна коркарди нахи пахта дар як сол мавҷуданд. Дар ҳолати пурра истифода намудани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда нахи пахта бо арзиши иловашудаи баланд дар дохили ҷумҳурӣ коркард шуда, Қисми зиёди он содирот карда мешавад, ки Қобилияти содиротии мамлакатро баланд мебардорад.

Корхонаҳои ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН» ва ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» коркарди пурраи нахи пахтаро ба роҳ монда, ресмон ва матои пахтагин, маҳсулоти кешбофӣ ва дўзандагӣ истеҳсол менамоянд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдому дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли ресмони пахтагин аз 8320 тонна дар соли 2013 соли 2019 ба 22356 тонна расонида шудааст, ки назар ба ҳафт соли охир 2,7 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ҳафт моҳи соли 2020 ресмони пахтагин ба миқдори 9774 тонна истеҳсол карда шуда, аз он 8930 ва ё 91 фоиз ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

Марҳилаи якуми ҶДММ «Фарм Текс» соли 2018 ва марҳилаи дуюм моҳи майи соли 2020 ба истифода дода шуд. Корхона дар як шабонарўз то 2 тонна нахи пахтаро коркард карда, дар шакли пахтаи гигроскопии сафедкардашуда пахтаи тиббӣ, стоматологӣ дар намуди тампон, гирдаҳои пахтагин ва навъҳои гуногуни молҳои тиббии тамизшуда истеҳсол менамояд. Дар марҳилаи дуюм бо иқтидори 5 млн дона истеҳсоли докаи тиббӣ дар як сол ба роҳ монда шуд. Дар маҷмуъ дар корхонаи мазкур барои 120 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шуда, маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.

Рушди соҳаи коркарди пўсти чорво бо дар назар доштани истифода аз манбаъҳои мавҷудаи ашёи хоми маҳаллӣ, дар пайдо намудани арзиши иловашудаи маҳсулоти истеҳсолӣ ва аз ин ҳисоб таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аҳамияти иқтисодии муҳим дорад. Дар ҷумҳурӣ имконияти коркарди 2 млн пўсти чорвои хурду калон аз ҷониби корхонаҳои соҳа вуҷуд дорад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дўзандагӣ дар кишвар мунтазам афзоиш ёфта, аз 124 млн сомонӣ соли 2013 ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 261 млн сомонӣ расонида шуд. Соли 2019 ба маблағи 157 млн сомонӣ шимҳои мардона, бачагона аз матои ҷинс, нимшим, куртаҳои мардона, либосҳои варзишӣ ва кимоно (60 фоизи маҳсулоти дўзандагии истеҳсолшуда) ба Италия, Федератсияи Россия ва Беларус содирот карда шудааст. Маврид ба Қайд аст, ки маҳсулоти истеҳсолии ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» аз Қабили шим, нимшим, курта аз матои ҷинс мавқеи мустаҳкамро дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пайдо намуда, 90 фоизи он содирот карда мешавад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дўзандагӣ дар моҳҳои январ–июли соли 2020 160,0 млн сомониро ташкил дод, ки дар Қиёс ба ҳамин двраи соли 2019 3,6 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар доираи Барномаи рушди Қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 корхонаҳои нав ба фаъолият шурўъ намуданд. Истеҳсоли Қолинҳо нисбат ба соли 2014 ба 2,7 маротиба афзоиш ёфта, аз 1 млн 763 ҳазор метри мураббаи соли 2014 ба 4 млн 701 ҳазор метри мураббаъ дар соли 2019 расонида шуд. Натиҷаи тадбиқи стандартҳои ҷаҳонӣ дар истеҳсолот ба рақобатпазирии Қолинҳои ватанӣ мусоидат карда, ҳаҷми содироти Қолин ба хориҷи кишвар аз 106,8 ҳазор доллари америкоии соли 2014 дар соли 2019 ба 374 ҳазор доллари америкоӣ расонида шудааст, ки суръати афзоиш 3,5 маротибаро ташкил медиҳад.

Фаъолияти ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» моҳи январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе расман шурўъ гардид. Иқтидори истеҳсолии корхона 19,2 млн ҷуфт ҷўробҳои гуногун дар як сол буда, маҳсулоти ҷавобгў ба талаботи стандартҳои ҷорӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар корхона барои 300 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шудааст.

Соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли ҷўроб зиёда аз 1 млн ҷуфтро ташкил дода, соли 2019 бошад ин нишондиҳанда ба 4,1 млн ҷуфт расонида шудааст. Давоми моҳҳои январ–июли соли 2020 дар кишвар 4,2 млн ҷуфт ҷўроб истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 768 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Саноати мебелбарорӣ яке аз соҳаҳои зудафзоиш ба шумор рафта, корхонаҳои соҳа Қобилияти истеҳсоли мизу курсии мактабӣ, барои синфхонаҳои махсус (физика, химия, лингафонӣ), барои боғчаҳои бачагона ва мебелҳо барои хонаю ошхона бо сифати ҷавобгў ба талаботи ҷориро доранд.

Бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Корхонаи муштараки «Арча–мебел» ва соли 2019 марҳилаи якуми ҶДММ «Бисот» дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. Дар корхонаҳои мазкур дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои Туркия, Италия, Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, дар маҷмуъ зиёда аз 130 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Ҳаҷми истеҳсоли мебел соли 2013 11,5 млн сомониро ташкил дода, дар соли 2019 ҳаҷми он 54,3 млн сомониро дар бар гирифт, ки суръати афзоиш дар ҳафт соли охир 4,7 маротиба зиёд шудааст. Дар ҳафт моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли мебел ба 28,0 млн сомонӣ расонида шуд.

Бо бунёди корхонаҳои сементбарорӣ талабот ба халтаҳои полипропиленӣ афзуда, дар ин самт як Қатор корхонаҳо ба фаъолият шуруъ намуданд. Ҳоло ҶДММ «Суғд Пак», ҶДММ «Моҳир пластик», ҶДММ «Нур Пак» ба истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ машғул буда, дар ҳафт моҳи соли 2020 ҳаҷми он ба 39 млн дона расонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 8,3 млн дона зиёд мебошад.