Пагоҳ ду размкори тоҷик- Сарварҷон Ҳомидов ва Довуд Идибеков ба майдон мебароянд.  Варзишгарони тоҷик 15 август дар доираи мусобиқаи байнлалмилалии M-1 Global  таҳти дараҷаи «ММА Серия-12:  Фурсат барои қаҳрамонҳои нав» бо рақибони хуб меразаманд. Рақиби Сарварҷон Ҳомидов  – Федор Дуриманов  ва аз Довуд Идибеков Владислав Кисса ҳарду аз Русия мебошанд.

Бино ба иттилои сомонаи championat.com дар муҳорибаи асосии мусобиқа Сарварҷон Ҳомидов  ва Федор Дурманов  вомехӯранд.  Гуфта мешавад Фёдор Дуриманов дар мусобиқаҳои “MMA серия” се ғалаба ба даст овардааст ва аз рӯи ин нишондод пешсаф аст. Боз як муваффақияти дигари Дурмановро дар он мебинанд, ки аз рӯйи пайиҳамии ғалабаҳои дар ҷои аввал аст.

Аммо размкори тоҷик, Сарварҷон Ҳомидов дар MMA омори идеалӣ дорад – дар нӯҳ задухӯрд нӯҳ пирӯзӣ ба даст овардааст. Сарвар тақрибан аксари ғолибиятҳояшро бо усули накаут анҷом дода, ҷолибияти дигар рақибонаш аз идомаи рақобат бо ӯ даст кашидаанд. Қисмати ками ғалабаҳояшро бо қарори доварон насиб шудааст. Ба ин далел аксари пешгӯиҳо дар фазои маҷозӣ ба ғалабаи ӯ гуфта мешаванд.
Варзишгари дигари тоҷик дар риштаи  ММА Довуд Идибеков ҳам то кунун бохт ва мусовӣ надорад. Ӯ фаъолияти касбии худро соли 2017 оғоз кардааст.  Дар  4 майдондорӣ 4 ғалаба  дорад. Вай инчунин дар мусобиқаҳои таблиғотие ба мисли NWLCS, FP, Championship Fighting Championship (Русия) ширкат варзидааст. Довуд Идибеков,  дар  рақобатҳо бо рақибоне мисли Бектурсун Кайпназар, Акмал Сотиволдиев, Акматбек Бекболсун вохӯрда, ғолиб омадааст.

Дар як назарсанҷии онлайнӣ ба на сомонаи mma-oracle.com  46 фоиз фоиз  ғалаби ӯро пешгӯӣ карданд, аммо 56 фоизи дигар ба ғалабаи рақиби ӯ умед доранд.

Мусобиқа рӯзи 15 август дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуда,  соати 19:00 бо вақти Маскав шуруъ  мешавад. Ҷараёни рақобатҳои «ММА Серия-12:  Фурсат барои қаҳрамонҳои нав» -ро  шабакаи телевизионии “Global M-1”  ба таври мустақим пахш месозад.

 

Ҷадвали рақобатҳо:

Евгений Павлов (Русия) – Денис Антонов (Русия)

Шермухаммад Махумаджанов (Узбекистон) – Богдан Кравчук (Русия)

Санжарбек Қурбанов (Ӯзбекистон) – Марк Вологдин (Русия)

Чингиз Тунгурбеков (Қирғизистон) – Артем Семенов (Русия)

Василий Бабинцев (Русия) – Илья Бочков (Русия)

Довуд Идибеков (Тоҷикистон) – Владислав Кисса (Русия)

Никита Яшин (Русия) – Илья Киреев (Русия)

Илья Варварский (Россия) x- Глеб Хабибуллин (Русия)

Леонид Тимошенко (Русия) – Александр Маслов (Русия)

Сарварҷон Ҳомидов (Тоҷикистон) – Федор Дурманов (Русия).

Фирдавси Низом

Радиои “Тоҷикистон”