Олимони табиатшиноси ҷаҳон ба он назаранд, ки то соли 2035 қабати яхе, ки Антарктидаро пўшонидааст пурра об мешавад.    Гармшавии иқлим, беаҳамиятӣ ва таъсири манфии инсоният ба табиат боиси пурра об гардидани кабати яхи Антарктида мегардад.  Олимон дар ин маврид бонги хатар зада, аз аҳли башар дархости ҳифзи муҳити зист кардаанд.  Дар Антарктида аллакай имрўзҳо ҳарорати ҳаво аз 4 то 9 дараҷа нисбат ба даҳсолаҳои пеш гармтар шудааст.  Дар ин бора ТАСС хабар додааст.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи амрикоии Джонс Хопкинс шумори сироятёфтагони коронавируси нави COVID-19  аз ҳадди 20 млн боло рафт. Аз сирояти ин вирус 733 103 тан фавтидаву  12 209 074 тан шифо ёфтаанд.   Шумори сироятёфтагон аз ҳама бештар дар ИМА (беш аз 5 млн ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст. Баъдан дар Бразилия (беш аз 3 млн) ва Ҳиндустон (беш аз 2,2 млн) ба ин беморӣ сироят ёфтаанд. Дар ин бора РИА Новости хабар додааст.

 

Дар қароргоҳи президенти ИМА дар натиҷаи як тирпарронӣ ду тан ҷароҳат бардоштаанд. Марде, ки оташ кушодааст ва корманди хадамоти махфии муҳофизатӣ дар ин тирпаронӣ маҷруҳ гардидаанд. Ёдовар мешавем, ки рўзи душанбе вакте  ин ҳодиса рух дод, президент Д. Трамп дар назди рўзноманигорон нишасти хабарӣ дошт. Чун хабарро ба ў расониданд, якбора нишастро тарк намудааст. Дар ин бора сомонаи  Корреспондент.net  хабар додааст.

 

Бонки ҷаҳонӣ барои мубориза аллайҳи оқибатҳои пандемияи  COVID-19 $160 млрд ҷудо мекунад.  Ин маблағ барои таъмини рушди босуръати иқтисод ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ дар кишварҳои рў ба тараққӣ равона мегардад. Гуфта мешавад, ки муддати 15 моҳ, яъне то 30-уми июни соли 2021 маблағи муқарраргардида давра ба давра ҷудо мегардад. Қаблан хабар дода мешуд, ки Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки соли ҷорӣ ба 48 кишвари африқоӣ 50 миллиард доллар қарз ҷудо намояд. Дар ин бора сомонаи Корреспондент.net хабар додааст.

 

Моҳшариф Холиқзода

масъули бахши “100 сония”