Вазорати корҳои дохилӣ садамаи маргборе, ки бар асари он сарояндаи маҳбуби тоҷик, Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид шарҳ додааст. 

Тавре сомонаи ин Вазорат менависад: “7-уми августи соли 2020, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ланд-крузер-200», рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи «Камаз» бархӯрдаааст.

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ронанда Анварзода И.Қ. ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Баъди ташхиси тиббӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи ин се нафари иштирокчиёни садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад”.