Солҳои охир асари тағйирёбии иқлиму офатҳои  вобаста ба он дар минтақаву кишварҳои мухталифи дунё зиёд мушоҳида мешавад.  Агар дар ин давра  қисмати Аврупоро хушксолии гўшношунид фаро гирифта бошад, қисмати Осиёро бошад, обхезиҳои  ҳангуфт ба таҳлука овард.       

Шароити мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ки  шаҳрвандонашро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунад. Аммо дар ин росто баъзе аз омилот боис мегардад, ки кишвар ба масъалаи озуқаворӣ мувоҷҷеҳ гардад. Омилҳо зиёданд ва яке аз онҳо ки берун аз хоҳиши мо пешорўи мо қарор мегирад, ин тағйирёбии бесобиқаи иқлим аст. Пайомади тағйирёбии иқлимро мо  имрўзҳо на танҳо дар кишвар, балки сар то сари ҷаҳон мушоҳида мекунем.

Қурбоналӣ Партоев-доктори илмҳои кишоварзӣ  мегуяд, ки кишоварзонро мебояд,   дар шароити кунунӣ аз таҷрибаи ҳамдигар истифода кунанд ва олимонро зарур аст, ки  ба хотири пешгирӣ аз хисороти камборишӣ ва хушксолӣ навъҳои нави ба гармӣ тобоварии дилхоҳ зироатро ба даст оранд.

Дар замони муосир, ки тағйирёбии иқлим бармало мушоҳида мешавад, деҳкононро мебояд, ки ҳар як қатра обу ҳар як ваҷаб замини ҳосилхез самаранок истифода баранд. Ба ақидаи Қурбоналӣ Партоев-доктори илмҳои кишоварзӣ кишти омехтаи зироат дар ҳамин шабу рӯз ба маврид аст.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки деҳқони асил пайваста аз пайи ба даст овардани ҳосили баланд аст. Чанде пеш Ғуломалӣ Мирзоев сокини шаҳри Ҳисор дар суҳбати бидуни микрафон аз таҷрибаи наваш гуфт. Ин деҳқон афзуд, ки ба хотири таҷриба лундаи картошкаро дар халтаи орд коштам ва ҳосили дилхоҳ низ ба даст овардам. Ин амалро Қурбоналӣ Партоев-доктори илмҳои кишоварзӣ таҷрибаи деҳқонро таҷрибаи иноватсионӣ медонад.

Воқеан ҳам чорасозии кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа метавонад, барои бартарафсозии ҳолати ногувори баамаломада мусоидат намояд. Ба ибораи дигар агар замин,об, иқлими табиат ва дастовардҳои илмии олимони собиқа дар соҳаи кишоварзӣ самаранок истифода шавад, ҳамагуна мушкилот дар соҳаҳои кишоварзӣ бартараф мегардад.

           Муродулло Раҳимов

Радиои «Тоҷикистон»