Дар шаҳри Пекин «Озмуни рўзномавии ҷаҳонии шеър», ки аз ҷониби «Ассотсиатсияи журналистони ҷаҳонӣ», «рўзномаи ҷаҳонӣ», «телевизиони ҷаҳонӣ», «телевизиони моҳворавии ҷаҳонӣ», «ахбори ҷаҳонӣ ва Тутьяо» аз 3 январи соли 2020 ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид. Дар ин Озмун донишманди тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар қатори се нафари дигар ба шоҳҷоиза  лоиқ дониста шуд.

Абдуқаҳҳори Қосим  дар суҳбат бо Радиои Тоҷикистон гуфт, ки дар озмун ҳамагӣ 607 муаллифон аз Ҷумҳурии Хитой ва давлатҳои хориҷ ба мисли Покистон, Филиппин, Русия, Ҷопон, Ҳиндустон, Италия, Тоҷикистон, Туркиё, Боливия, Канада, ИМА, Данния, Венесуэла, Косово, Сербия, Булғория, Маврикий ва дигар манотиқи дунё роҳ ёфтанд.

Дар охир ғолибони ин озмуни ҷаҳонии шеър ҷамбаст шуда, ғолибон муайян гардиданд. Хушбахтона пирўзии навбатӣ – Шоҳҷоизаи озмун такҳти унвони The Outstanding Winners (Ғолибони барҷаста) –ро ҳайати ҳакамон ба  шеъри «Бешаи анбўҳи андеша» и шоири Тоҷикистонӣ, ҳамраиси Шўрои адабии Ассамблеяи халқҳои УруОсиё, узви конфедератсияи байналмилалии журналистон, узви Академияи адабиёти Русия ва ҳамоҳангсози  раёсати байналхалқии нависандагон, драматургон ва журналистон оид ба кор бо муаллифон Абдуқаҳҳори Қосим сарфароз гардониданд.

Ёдовар мешавем, шоири ватанпарасти тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим бо адибони олимони зиёда аз 60 давлати дунё робитаи дўстиро барқарор намуда, шеъри муосири тоҷик ва забони ноби тоҷикиро рўи дунё ҳамчун вориси воқеиии устод Мирзо Турсунзода муаррифӣ намуда истодааст.

Шоҳҷоиза ва дигар туҳфаҳо баъд аз маросими тантанавӣ, ки моҳи сетябри 2020 дар Пекин баргузор мегардад ба муаллифоне, ки бо сабаби пандемия омада наметавонанд, равон карда мешаванд.

Ҷойҳои дигар ба таври зайл ба муаллифони зерин тақсим шуд:

Шоҳҷоиза (ғолибони асосӣ):

Абдуқаҳор Қосимов (Тоҷикистон)
Маки Старфилд (Япония)
Татьяна Требинова (Россия)
Сума Монтейру  (Боливия)

(Ҷои дуюм)

Ҷудит Тянь (Филиппин)
Нилс Харф Нилс Хав (Дания)
Анна Стрейга Ана Стейля (Сербия)
Чад Норман Норман (Канада)
Изил Вандан (Ҳидустон)
Депти Гупта (Ҳиндустон)
Эден Сориано Тринидад  (Филиппин)

(Ҷои дуюм)

Суканя Басу Малик  (Ҳиндустон)
Панхури Синха (Ҳиндустон)
Тан Си Лан Подарева Анастасия (Россия)
Тюркан Ергюр  (Туркия)

 Маунтассир Азиз (Марокаш)
Ашок Чакраварти Толана (Ҳиндустон)
Прамила Картон Прамила Хадун (Маврикий)
Марина Кордейру Гарсия  (Венесуэла)
Фахдин Шеху  (Косово)

(Ҷои сеюм)

Шиджу Х. Палиса (Умон)
Джаваз Джаффри  (Покистан)
Жизель Марк  (Британияи Кабир)
Стоянка Буванова (Болгария)
Минко Танев  (Болгария)
БОНГО НАССИН РАО  (Ҳиндустон)
Навин Кума Апад Навин Кумар Упадхьяй (Ҳиндустон)

Фирдавси Низом

Радиои “Тоҷикистон”