Зимни натиҷагирии аз фаъолияти шашмоҳаи соли равон Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки новобаста аз идома ёфтан ё наёфтани пандемияи КОВИД-19 аз  1 то 15 октябр новобаста бақайдгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

Ҳамчунин номбурда таъкид дошт, ки  барои гузаронидани ин чорабинӣ 3 ҳазор дона планшет ба маблағи  3 млн сомонӣ  харидорӣ карда мешавад.

Маъракаи бақайдгирии аҳолӣ ва фонди манзил одатан ҳар 10 сола гузаронида мешавад, ки охирин маротиба соли 2010 гузаронида шуда буд. Мувофиқи нақша имсол ҳам бояд сурат гирад, аммо ба далели пандемияи КОВИД-19  гузаронидани он номаълум буд.

Гуфта мешавад, чунин чорабинӣ дар кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон ва Қирғизистон ва Федератсияи Русия низ то охири соли ҷорӣ бо назардошти чораҳои беҳдоштӣ  барпо мешавад.

Саъдӣ Ғоибов

Радиои “Тоҷикистон”