Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ   нақша дорад, ки 1 терабайту 400 гигабайта трафики интернет харидорӣ намояд. Ин  нуқта имрӯз зимни нишасти хабарии ин муассисаи олии таълимӣ  аз ҷониби  роҳбари он Абдухалил Ғаффорзода зикр карда шуд.

Ба  иттилои номбурда 800 гигабайти он фақат  дар хати озод барои донишҷуён хизмат менамояд.  Гуфта мешавад, Академияи идоракунии давлатӣ  бо тамоми шароитҳои муосири таълимӣ ва технологияи кампютерӣ  муҷаҳҳаз гардонида шуда,  дар нимсолаи аввали соли  равон  бо системаи  Wi-Fi-и озод пайваст гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки санаи 29-уми феврали соли 2020 бо фармони Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  донишкадаи идоракунии давлатии  назди Президенти ҶТ ба табдил дода шуд.

                                                                                   Малоҳат Тоҳирова

Радиои “Тоҷикистон”