Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи меҳандӯстию созандагӣ, ободкорию хуррамгардонӣ, бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ » таҳти унвони «Ин ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем»  ва «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад» аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система 970 маротиба ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил карда шуд, ки дар он 204176 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳо бо иштироки 147941 нафар ҷавонон фаъолона шинонида шуд,  гуфт раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳмоналӣ Абдулло зимни нишасти матбуотӣ. 

Ба таъкиди номбурда тибқи омори сиёсати давлатии ҷавонон шумораи волонтёрон, аъзоёни маҳфили «Ҷавонон пайравони пешвои миллат»  дар дастгоҳи марказӣ 315 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби волонтёрон  дар давраи ҳисоботӣ 1590 адад силсилаи чорабиниҳои маърифатию машваратӣ, омӯзишию илмӣ, фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир гардида, иштирок ва саҳми 18182 нафар таъмин карда шуд.

«Инчунин бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи «Барномаи миллии рушди ичтимоии ҷавонон дар чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» маркази машваратию хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо «КОВИД-19» дар шаҳри Душанбе , ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода ва Рашт таъсис дода шуда, ба таври шабонарӯзӣ тариқи телефонҳои боварӣ ва шабакаҳои иҷтимои ба сокинони кишвар машваратҳову корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳанд», афзуд  Раҳмоналӣ Абдулло раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲҶТ.

 

Гулрӯ Ниёзова

Радиои “Тоҷикистон”