Заробиддин  Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нав зимни нишасти хабарии ин Вазорат гуфт, ки  дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ   2 млн ниқоби тиббӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар, асосан ба  давалтҳои аврупоии  Сербия ва  Италия,  содирот гардидааст.

Ба иттилои Заробиддин  Файзуллозода ниқобҳои  муҳофизатӣ бо арзиши як евро барои як дона фурӯхта шуданд. Дар истеҳсоли ниқобҳои муҳофизатӣ  17 корхонаи саноатии ватанӣ саҳм гузоштаанд.

Ҳамзамон Вазорати саноат ва технологияҳои нав мегӯяд, ки аз дар шаш моҳи соли равон, ки  ҳамзамон ба даврони пандемияи рост меояд,  аз тарафи корхонаҳои  саноатии кишвар дар маҷмуъ  8 млн дона ниқоби тиббӣ истеҳсол  намудаанд.

Cаъдӣ Ғоибов

Радиои “Тоҷикистон”