Дар нимсолаи аввали исмол аз ҷумҳурӣ 129 807 нафар ба хориҷи мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 477 нафар ё 57 фоиз кам мебошад. Аз ҷумлаи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 117  912 нафар ба Федератсияи Россия ва 4 574 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намудаанд. “Инчунин бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан дар давраи ҳисоботӣ 90 333 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 фоиз кам мебошад»,- гуфт,  Гулрӯ Ҷабборзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин Вазорат.

Ба  иттилои мавсуф паҳншавии бемории  COVID-19 дар аксари давлатҳои ҷаҳон ва вобаста ба ин басташавии сарҳадоти давлатҳо ба раванди муҳоҷирати меҳнатии байналмиллалӣ  низ таъсири манфии худро расонид. Аз ҷумла, аз ҷониби Федератсияи Россия, ки давлати асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз 18-март то имрӯз воридшавии тамоми шаҳрвандони хориҷӣ манъ карда шудааст ва ин раванд то ҳол идома дорад.

Ҳамчунин Гулрӯ Ҷабборзода дар нишаст зикр кард, ки ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ иҷозатнома доранд, ҷиҳати риоя намудани таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони  кишвар муваззаф карда шуда, ба ҳолати имрӯза 17 172 нафар дар ин ширкатҳо бо кор таъмин шуда, фаъолият менамоянд.

                                                                                                             Олуфта Шарифова

Радиои “Тоҷикистон”