Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  соҳаи  фарҳанг дар  соли тањсили  2019-2020  655 нафар хатм намуданд, ки нисбат ба  соли муқоисавӣ 40 нафар, ё 5,8% кам  будааст.    Ин нуктаро имрўз   зимни нишастии матбуоти Зулфия Давлатзода вазири   фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Бинобар итттилои Зулфия Давлатзода, тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсяи Россия   барои таҳсил, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тавассути маркази илм ва фарҳанги ин кишвар  дар Тоҷикистон 43 нафар соҳиби бурсия дар муассисаҳои олии касбии Россия  гардиданд. Дар идома гуфта шуд, ки муассисаҳои миёнаи касбиро ҳамагӣ 516  нафар хатм намуданд, ки нисбат ба соли гузашта  119 нафар, ё 18,7% кам мебошад.

Сабаби кам шудани хатми имсоларо  мутахасисони соҳаро дар тағйир ёфтани нақшаи таълими ихтисосҳои шуъбањои ғоибона интиқоли донишҷӯён ба коллеҷҳои омӯзгорӣ, даъват ба сафи артиши миллӣ ва махсусан бемории сироятии КОВИД-19 он арзёбӣ карданд.

 

                   Гулрӯ Ниёзова

Радиои “Тоҷикистон”