Хушбахтона, шиддати коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфт. Умед бар он дорем, ки «қадами номуборак»-и ин бемории ҳамагир аз кишвари мо ба таври комил барканда хоҳад шуд. Чор – панҷ моҳи ахир, ки мардуми шарифи Тоҷикистон якҷо бо Ҳукумати кишвар бо вируси Ковид – 19 дасту панҷа нарм мекарданд, як масъалаи ҷиддӣ, ки боиси нигаронист, барои мо возеҳ гардид, яъне таъсирпазирии ҷомеа аз ҳангомаҳои беасосу бардурўғ.   Шўрбахтона, бадхоҳони миллат аз ҳамин зовия ба эҳсоси мардуми мо зарба заданд.

Имрўзҳо ду – се афроди муғриз, ба хотири ба даст овардани манфиат аз тарафи хоҷагони хориҷии худ, дар байни мардум ихтилофу ҳамдигарнофаҳмӣ ва нифоқро ба вуҷуд оварда, бо ин васила мехоҳанд вазифаи худро дар назди душманони миллати тоҷик иҷро намоянд. Ин бадхоҳони миллат, ки гоҳо дар олами маҷозӣ минҳайси дифоъгарони манфиатҳои мардум ҷилва мекунанд, вале дар асл мақсадашон ба вуҷуд овардани ноамнӣ дар Тоҷикистон аст, ҳеҷ гоҳ дар андешаи беҳбудии вазъи иҷтимоиву сиёсии кишвари мо набуданду нестанд. Сарфи назар аз он ки аз дороиву сарват бархурдоранд, дар шароити хуруҷи коронавирус барои камтарин кўмаке ба мардуми Тоҷикистон изҳори омодагӣ накарданд. Баръакс, бо воҳимаҳои беасос ба ҷайби мардум зарба заданд. Инҷо бешубҳа ҳодисаи нанговари ба таври оммавӣ ба хариди ғайриоқилонаи орд даст задани бархе сокинони ноогоҳ ва дар натиҷа камчин ва гарон шудани нархи ин навъи озуқаворӣ пеши назар меояд.

Чаро мо барои бовар накардани ин гуна воҳимаҳо омодагии худро нишон дода натавонистем? Агар андаке ақлу фаҳмишро ба кор мебурдем, бароямон мушаххас мегардид, ки беш аз ниёз харид накардан назму тартиб дар бозорро таъмин менамояд.

Чанде пеш як нафар гуфт, ки ордҳое, ки чор – панҷ моҳ қабл аз бими коронавирус захира карда будам, аллакай сифати худро гум кардааст. Мутаассифона, ин натиҷаи ҳамон воҳимаҳост, ки дар байни мардум пароканда карданд. Ин далели он аст, ки мардум хабару овозаҳои бепояро аз хабарҳои расмӣ дида бештар бовар карданд.

Ҳоло замони муосир тақозо мекунад, ки мо ҳамеша аз манфиатҳои миллӣ дифоъ намоем. Замона нишон медиҳад, ки як зумра кишварҳо бо дурўғу фиреб, найранг ва дасисабозиҳо ба як давлати муқтадир табдил ёфтаанд. Алорағми ин, ду – се бадхоҳи миллати тоҷик берун аз кишвар мардуми моро бо таъкиди он ки забонамон на тоҷикӣ, балки форсист, ба чолиш кашида истодаанд.  Як саволи одӣ: Чӣ бадӣ дорад, агар забонамон ба номи миллатамон бошад? Зимнан, ин суол ҳам пешниҳоди ин бадхоҳони миллат: Агар форсӣ бигўем, чӣ манфиат мебинем? Ба таври расмӣ форсӣ номгузорӣ кардани забонамон ин паёмадро ба думбол дорад, ки нуфузи миллати воҳидамон дар назди кишваре, ки зери нуфузи он қарор доранд, коста хоҳад шуд. Инҳо пофишорӣ доранд, ки мо расман чунин бикунем, вагарна ҳеҷ кас мухолифи ин гуфта нест, ки забони тоҷикӣ ҳамон забони форсии қадим аст.

Дар интиҳо ҳаминро бояд гуфт, ки мо миллати алоҳидае бо номи тоҷик ва дорои низоми давлатдории миллӣ ҳастем! Ин тақозо менамояд, ки бигўем, забони хоси мо тоҷикист! Тавре мегўянд, қудрати мо дар иттиҳоди мост! Аз ин рў, моро зарур аст, ки ҳамдиливу ҳаммаромиро пешаи худ кунем, ба хотири фардои дурахшон амал намоем ва ҳамвора аз ҳарфу сухани созанда муттассир гардем.

 Дилшод Муҳаммад

Рӯзноманигор