Имрўз Дилафрўз Рустамзода муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд вохўрӣ доир намуд.

Ҳадаф аз вохўрии мазкурро Муродулло Раҳимов-котиби масъули Радиои «Тоҷикистон» шиносоӣ бо вазъи корӣ, баррасии мушкилоти соҳа арзёбӣ намуд. Зимни вохўрӣ гуфта шуд, ки дар баробари дастовардҳо имрўз дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд мушкилиҳо низ мавҷуд ҳаст, ки бо бартараф шудани он сатҳу сифати барномаҳо ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати эҷодӣ боз ҳам хубтару беҳтар хоҳанд гашт.

Ёдрас мешавем, ки сафари расмӣ ба вилояти Суғд идома дошта,  шиносоӣ ва вохӯриҳо бо кормандон ва вазъи сохторҳои зертобеи Кумита дар Вилоят ба нақша гирифта шудааст.  Чанде пеш ҳамин гуна вохўрӣ бо маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ доир гардида буд.