Зарфи шаш моҳи соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 178 ҳодиса ва ҳолатҳои фавкулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуд. Аз ҳисоби умумии ҳодисаҳои сабтшуда, 17 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонидааст. Ин нуктаро 23 –июл зимни нишасти матбуотӣ Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ 7 нафар аз ҷумлаи сокинони кишвар  ба ҳалокат расиданд. Бар асари фаромадани тарма-2 нафар, сел-4 нафар ва аз раъду барк-1 нафар  ҳалок гаштанд.  Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 102 хонаи истиқоматӣ,  22 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 18593,97 гектар заминҳои кишт, 6-пул ва 24.73 километр роҳҳои мошингард,  зарар диданд.  Ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардида, дар шакли масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагиҳо ёрӣ расонда шуд, ки сари вақт ба офатдидагон дастрас гардид.

                                                                                                                         Олуфта Шарипова

Радиои “Тоҷикистон”