Бо ҷамъбасти даври 34-уми Серияи А-и Италия ҳанӯз муайян кардани пешгоми мутлақи ин чемпионат душвор аст, зеро дастаҳо гўё нав нерӯмандтар шуда мехоҳанд аз худ дарак диҳанд. Албатта, Италияро дар мавсими нав дар чемпионатҳои бонуфузи Аврупо муаррифӣ кунанд. Биноан, гумон меравад интрига инҷо то бозии охир боқи мемонад.

Новобаста аз он, ки дастаи туринии “Ювентус” аз “Интер”-у “Аталанта” таъқибкунандагони асосиш бо 9 ва 10 имтиёз дар пеш аст, назора кардани бозии «Бонувони пир» касро ба андеша мебарад, ки онҳо ба бохту имтиёз аз даст додан нукта гузоштани нестанд. Аз ҷониби дигар таърихи футболи Италия ҳолатеро ёд дорад, ки мавсими 1999-2000 “Латсио” бо мондани 7-давр аз “Ювентус” бо тафовути 9-имтиёз дар ақиб буд, аммо билохира қаҳрамон шуд. Эҳтимолияти такрори воқеаи таърихӣ вуҷуд дорад, аммо барои “Аталанта”-ву “Интер” на “Латсио”. Се дастаи номбурда ин даврро бо чунин натиҷа ҷамбаст намуданд:

Верона – Аталанта                 1:1

Рома – Интер                          2:2

Ювентус – Латсио                  2:1

Ғайричашмдошт ва айни муддао барои мухлисони ин даста, Миллан ҳамаро мутаҳайир мекунад. Ҳамон Миллане, ки дар аввали мавсим мелангид ва аксарият афсуси дастаи афсонаиро мехўрданд. Гуфтани нестам, ки имкони қаҳрамон шуданро дорад, аммо бо суръати тез ва голборони рақиб ба пеш ҳаракат мекунад. Барои мисол дар даври 34-ум  Болоня – ро бо       шумори 5 бар 1 шикаст дод. Пеш аз ин бози Парма – ро бо шумори 3 бар 1 шикаст дода буданд. Бо “Наполи” мусови карданд, “Ювентус”-ро чахор бар ду маглуб намуданд ва “Латсио”-ро 3  бар 0. Дар пойгаи қаҳрамонӣ ҳоло” Аталанта”-ву “Интер” метавонанд, ҳангома созанд, яъне дар панҷ даври баъдӣ ин дастаҳо бояд ғалаба кунанд. Ба тақвими рақобати чаҳор дастаи пешгоми Серияи А назар мекунем ва хулоса мебарорем, ки кадом даста рақиби нерумандтарро дорост:

Ювентус: Латсио , Удинезе , Сампдория , Кальяри , Рома

Интер: Рома , Фиорентина , Дженоа , Наполи , Аталанта

Аталанта: Верона , Болонья , Милан , Парма , Интер

Лацио: Ювентус , Кальяри , Верона , Брешия , Наполи

Ҳар чор даста рақибони андак надоранд ва ғалабаву бохташон ба нафъи ҳамдигар хоҳад шуд. Биноан, рақобат миёни онҳо бо тамоми нерўст. Маврид ба зикр аст, ки дар ҷамбасти ин давр Ювентус бо Латсио воқеан бозии муҷалло нишон доданд ва дастаи  туринӣ  бо ду голи Роналдо яке аз зарбаи 11-метра, дигар аз партофти Дибала тимашро пешсаф намуд. «Бамбардир»-и Серияи А ,  Имобиле низ  муаллифи як гол шуд, он ҳам аз зарбаи 11-метра.

Исфандиёр Носиров

Радиои “Тоҷикистон”