Яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ин шаршараи табиии “Пушти боғ” мебошад, ки сол то сол шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ин мавзеъи ҷолиби таърихию сайёҳӣ дидан менамоянд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2002, таҳти №276 нохияи Балҷувон хамчун минтақаи туризми байналмилалӣ эълон шудааст ва ин мавзеъ яке аз беҳтарин мавзеъҳо барои сайру гашти сайёҳон ба ҳисоб меравад. Ноҳияи Балҷувон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хеле калон дорад ва ин имкониятҳо дар давоми солҳои охир шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамлактҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб карда истодаанд.

Тавре дар ин бора раиси ҷамоати деҳоти Сари Хосор Ҳасан Иброҳимзода ба хабарниори Радиои Тоҷикистон иброз дошт, ҳамасола таваҷҷуҳи сайёҳони доихилию хориҷӣ ба ин минтақаи сайёҳӣ зиёд шуда, онҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки аз шаршараи табиӣ ва афсонавии “Пушти боғ” дидан намоянд. Тавре зимни боздиди мо аз шаршараи “Пушти боғ” аён гардид чанде аз соҳибкорон дар назди шаршара як меҳмонхонаи 3 ошёнаи замонавиро бунёд намудаанд, ки ба саёҳону меҳмонон дар ҳама ҳолат хизмат мерасонад.

Тавре дар ин бора раиси ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Ҳасан Иброҳимзода иттилоъ дод, меҳмонхонаи 4 ситорадори “Сари Хосор”, ки дар назди шар-шараи “Пушти боғ” бунёд шудааст, дорои 25 ҳуҷра буда  бо стандартҳои ҷаҳонӣ  барои меҳмонон омода шудааст, ки тамоми фасли сол метавонад сайёҳони хориҷию дохилиро қабул намояд. Меҳмонхонаи “Сари Хосор” дар як вақт имконият дорад, ки ба 60 нафар мувофиқи талаботи ҷорӣ ва бо сифати баланд хизмат расонад.

Зимни боздид маълум гардид, ки утоқҳои хоб, роҳрав ва дигар иншооти меҳмонхона бо сатҳу сифати баланд ва усули муосири меъморӣ оро ёфта, намои берунаи он бо санъати баланди сохтмонӣ бунёд ёфтааст. Дар саҳни меҳмонхона баробари шинонидани гулҳои гуногун ҳамчунин ҳайкалҳои  ҳайвоноти нодир гузошта шудааст, ки ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамояд.

Дар паҳлуи меҳмонхона инчунин баҳри тарзи ҳаёти солим як майдончаи хурди варзишӣ бунёд карда шудааст, ки меҳмонон метвонанд озод дар инҷо ба бозиҳои гуногун машғул шаванд.

Барои бо барқи босифат ва доимӣ таъмин намудани иншооти мазкур дар паҳлуи шаршара як неругоҳи хурди обӣ бо тавоноии 180 КВТ фаъолият дорад, ки дар баробари равшанамоии иншоот ҳамчунин сокинони деҳаи Муллоконӣ ва дигар деҳаҳои наздикро бо қуваи барқ таъмин менамояд. Умуман дар ин минтақаи сайёҳӣ тамоми шароитҳои лозимӣ муҳайё карда шудааст. Тибқи иттилои масъулини ҷамоати Сари Хосор ҳоло сохтани меҳмонхонаҳо дар дигар маконҳои сайёҳӣ идома дорад.

Ба гуфти сокинони ин гӯшаи диёр мутаасифона аз сабаби мусоид набудани роҳи ҳамвори мошингард сайёҳон на ҳама вақт фурсати мусоиди боздид аз ин мавзеъро пайдо мекунанд. Ин мушкилии асосиро Ҳукумати кишвар ва соҳибкорони маҳаллӣ дар мадди назар гирифта,  сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосорро шурӯъ намудаанд, ки имрӯзҳо дар он кор идома дорад. Умед ба он мебандем, ки бо пурра сохта шудани роҳи мазкур мушкили асосии сокинони ин минтақа бартараф мешавад ва шумораи сайёҳону меҳмонон ба ин диёр боз ҳам зиёд мешавад.

 

Нуралӣ Давлат аз ноҳияи Балҷувон

барои сомонаи Радиои Тоҷикистон