“8-И СУБҲ”

Рӯзномаи “8-И субҳ”-и чопи Кобул бо нашри матлабе бо такя ба гузориши ҷадидид Бонки ҷаҳонӣ навиштааст, ки мизони ҷамъияти зери хати фақр дар Афғонистон ба иллати буҳрони каронавирус дар соли ҷорӣ ба 72 дарсад афзоиш меёбад. Бар асоси гузорини ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Афғонистон соли равон байни 5.5 дарсад то 7.4 дарсад коҳиш меёбад ва ин вазъият сабаби афзоиши фақру тангдастӣ хоҳад шуд.

Рӯзнома бо такя ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ навиштааст, ки ба далели коҳиши сатҳи даромад ва афзоиши нархи маводи ғизоӣ ва соири ниёзмандиҳои аввали хонаводаҳои афғон, эҳтимол мизони хатти фақре, ки мардуми ин кишвар аз 55 дарсади соли 2017 ба 72 дарсад дар соли 2020 афзоиш ёбад.  Ҳенри Кролӣ, раиси дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Афғонистон, гуфтааст: “Дар канори буҳрони ин вабо, таъсири печидаагии авзои амниятӣ, норавшании зиёд дар кӯмакҳои молии ҷомеа ҷаҳонӣ ва пайомдҳои эҳтимолии тавофуқи сиёсӣ бо гурӯҳи Толибон низ бар иқтисоди Афғонистон метавонад, асаргузор мебошад”.

Гуфта мешавад, то 16 июни соли равон шумораи мубталоёни бемории Ковид -19 дар Афғонистон  марзи 35 ҳазор нафарро гузашта, теъдоди фавтидагон беш аз 1100 нафарро ташкил медиҳад.

“СУБҲИ КОБУЛ” 

Дар рӯзномаи “Субҳи Кобул”  бо номи “Талош барои касби сарват ва қудрат зери сояи фасод” матлабе чоп шудааст. Дар ин нигошта аз ҷумла омадааст: “дар ҳоле, ки фасоди идорӣ дар ҳар ҷомеа паёмадҳои манфӣ ва ногувореро дорад, дар Афғонистон низ паёмадҳои манфӣ худро доштааст. Ба навишатаи рӯзнома, фасоди молӣ дар Афғонистон сабаби хушунат, таассуб, поксозии қавмӣ ва даҳҳо буҳрон шудааст. Яъне, ришвахорӣ низоми нокоромади идораи давлатӣ, дар назар нагирифтани асли шоистасолорӣ дар интихоби кадрхо, ангезаҳои иқтисодӣ, омили сиёсӣ, маводи мухаддир, набуди аҳдоф фарогири миллӣ, заъфи мудирият, инҳисори ҳокимияти зӯрмандон ва қонунситезиро ташкил додааст.

Дар ҷои дигари ин матлаб омадааст: “фасоди идорӣ талош барои касби сарвату, қудрат аз роҳҳои ғайриқонунӣ ва ё сӯистифода аз қудратҳои давлатӣ дар баробари манофеъи шахсӣ дониста мешавад. Дар Афғонистон амалҳои фасод бо гузашти беш аз якуним даҳа ҳанӯз ҳам ба шакл чашмгир вуҷуд дорад ва Афғонистон дар радаи кишварҳои оғушта ба ришвахорӣ қарор дорад”.
Ҳамчунон коҳиш даромадҳои давлатӣ, паёмади манфии дигари амалҳои олуда бо фасод дар Афғонистон аст, ки суботи сиёсӣ ва амниятиро коҳиш додааст. Ва арзишҳои демократиро бештар ба хатар мувоҷеҳ кардааст. Имкони барномарезӣ ва сиёсатгузориҳои воқеъбинона дар сатҳи дохилӣ ва хориҷиро низ коҳиш додааст.

“РОҲИ МАДАНИЯТ”

“Роҳи Маданият” нашрияи дигари афғонӣ навиштааст, ки афзоиши кишти майдони маводи мухаддир ва қочоқи он ба берун аз Афғонистон яке аз бузургтарин чолишҳои кунунӣ аст. Дар ин миён бар асоси оморҳо аз 2,9 то 3,6 миллион шаҳрванди Афғонистон ба сурати мустақим ё ғайримустақим вобаста ба мавод мухаддир ҳастанд. Яъне, Афғонистон бо истеҳсоли ҳудуди 90 дарсади тарёки ҷаҳон ҳанӯз ҳам натавонистааст ба коҳиши он даст ёбад. Бо афзоиши истеҳоли маводи мухаддир ва вобастагии гуруҳе аз шаҳрвандони Афғонистон ба он боиси афзоиши вайронгарӣ, осебпазири мардум ва ҳаросафканон дар ин кишвар шудааст.  Даҳшатафканони дохилӣ ва хориҷӣ бо роҳандозии тарҳу таъсиси ин марказҳо ба истеҳсол маводи мухаддир суръат бахшида, амалан масирҳои қочоқ ва гардиши ғайриқонунии онро дар бахшҳои мухталиф таҳти контроли худ афзоиш додаанд.

Нашрия навиштааст, бо ин ҳама мушкилот, мубориза бо маводи мухаддир дар хати муқаддами  вазорати дохилаи ин кишвар қарор дорад ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи афғон барои коҳиш ва решакани он ба сурати шабонарӯзи идома дорад. Дар гузориши ин ниҳод омадааст, ки полиси афғон дар амалиётҳои вилоятӣ бо шиносоии даҳҳо маркази истеҳсоли маводи мухаддир ва маҳви киштзорҳо дар ҳамкорӣ бо мардум аз байн бурдааст. Аз сӯи дигар ҳанӯз заъфи ҳамкорӣ барои тақвияти контроли системи назорати гумрукӣ дар майдонҳои ҳавоӣ ва бандарҳои ин кишвар ба чашм мерасад, ки боиси афзоиши қочоқи мавод мухаддир дар Афғонистон шудааст.

          “ЛЕМОНДЕ”

Бар асоси гузориши рӯзномаи фаронсавии  “Лемонде” пандемияи Ковид -19 яке аз нигарониҳои бузурги раҳбарони кишварҳои Ховари Миёна аст. Тибқи омори ҷамъовари шуда, шумори фавтидагон аз бемории каронавирус дар кишвархои Ховари Миёна аз 20 ҳазор нафар фаротар рафтааст. Ва беш аз ними ин рақам марбут ба давлати Эрон аст. Нашрия навиштааст, дар муқоиса ба дигар кишварҳо дар сатҳи ҷаҳон, мантиқаи Ховари Миёна токунун осеб зиёде аз  каронавирус надидааст. Аммо дар даруни минтақа, вазъияти кишварҳо бо ҳам қобили муқоиса нест. Эрон наздик ба 13 ҳазор талафот дошт ва Арабистони Саудӣ ҳудуди 2200 нафар. Дар Ироқ низ – ҳатто беш аз Сурия –ин беморӣ доман зада истодааст. Буҳрони каронавирус шиканндагии низоми соҳаи тандурустии Ироқро нишон додааст. Дар Яман бо паҳншавии ин вабо авзоъ ваҳимтар мешавад. Дар Исроил, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири ин кишвар аз хуруҷи ин беморӣ бо ташкили фаврии давлати ваҳдати миллӣ аз он баҳра бурд ва бад-ин тартиб қудратро дар дасти худ нигоҳ дошт. Ҳарчанд давоми як моҳи охир теъдоди мубталоён ба ин беомрӣ дар Исроил панҷ баробар афзоиш ёфтааст.

“Лемонде” ба вазъияти Урдун низ нигоҳе намуда навиштааст, ки сахтгирии давлат ва муқаррароти манъи рафту омади шабона, шумори талафоти ҷониро дар ин кишвар маҳдуд нигоҳ доштааст.

“НЮ-ЙОРК ТАЙМС”

Рӯзномаи амрикоии “Ню-Йорк Таймс” қисман ҷузъиёти санади созиши 25 солаи Эрону Чинро фош кардааст. Рӯзнома бо нашри бахше аз ҷузъиёти санади тавофуқи ҳамкории Эрон ва Чин таъкид кардааст, ки ин равобит зарбаи бузурге ба сиёсатҳои таҳоҷуми Трамп алайҳи Теҳрон ворид мекунад.
“Ню-Йорк Таймс” дар гузоришаш таҳти унвони «Чин ва Эрон бо истодагарӣ ва муқовимат дар муқобили ИМА ба ҳамкории тиҷоратӣ ва низомӣ наздик мешаванд» навиштааст, ки нусхаи пешнависи ин тавофуқномаро дар ҳаҷми 18 саҳифа дар ихтиёр дорад. Яъне, ин тавофуқи ҳамкории густурдаи иқтисодӣ ва амниятӣ, сармоягузории чандсад миллиард долларии Чин дар бахшҳои энергетика, бонкдорӣ, роҳи оҳан ва даҳҳо тарҳи бузургро бо Эрон фароҳам мекунад.

Бар асоси ин созиш муддати 25 сол давлати Чин бо тахфифи махсус нафти Эронро харидорӣ хоҳад кард. Давлати Чин ҳудуди 75 дарсад аз нафти мавриди ниёзи худро аз хориҷ ворид мекунад ва Теҳрон бузургтарин содиркунандаи нафт ба Пекин маҳсуб мешавад.
Ба навиштаи ин рӯзномаи амрикоӣ қаблан президенти Чин мавзӯи ҳамкориҳои 25 соларо дар дидор бо ҳамтои эрониаш  матраҳ кард, ки ҷонибҳо таъкид намудаанд: «тавофуқи роҳбарони ду кишвар барои як равобити стратегии 25 сола, комилан дуруст ва ҳикматомез аст».
“Ню-Йорк Таймс” навиштааст, санади ҳамкории Эрону Чин бозгуи ду фарҳанги бостонӣ осиёӣ, ду шарик дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, сиёсат, фарҳанг ва амният мебошад ва сармоягузори Чин дар Эронро ба 400 миллиард доллар давоми 25 сол ташкил хохад кард. Тибқи гузориши ин рӯзнома, тавсеаи ҳамкории низомӣ миёни Эрону Чин як занги ҳушдор барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Ва ҳукумати Трамп дар ҳоли баррасии иқдомҳои маҳдудкунанда бо бастаҳои нави тахрим болои Теҳрону Пекин аст.

 “ДИ ВЕЛТ”

Нашрияи олмонии “Ди Велт” матлаберо чоп кардааст, ки дар он омадааст, додгохе дар шаҳри Истанбули Туркия гузоришгари турктабори олмонӣ ва корманди ин нашрияро бо иттиҳоми “ҳимоят аз терроризм” дар ғайбаш ба 33 моҳи ҳабс маҳкум кардааст.

Ба навиштаи ин нашрия Дениз Юҷел моҳи феврали 2018 пас аз гузарондани ҳудуди як сол дар зиндон дар натиҷаи афзоиши фишорҳои байналмилалӣ бар ҳукумати Раҷаб Тайб Эрдуғон, президенти Туркия озод мешавад. Замоне, ки ӯ боздошт гардида буд, дар сартосари Олмон ба ҳимоят аз ин журналист роҳпаймоии густурда ба хотири раҳоии ҳарчи зудтари  ӯ баргузор шуд. Алҳол ин журналист дар Олмон қарор дорад.

Додгоҳи Истанбул рӯзноманигорро бо иттиҳоми ҳимоят ва таблиғи Ҳизби коргарон Курдистон ё (PKK), ки Анқара онро як созмони террористӣ медонад, ба 2 солу 9 моҳи зиндон маҳкум кардааст.

Рӯзноманигор Дениз Юҷел гуфтааст, сар аз соли 2017 президенти Туркия ӯро “хоин ва ҷосуси Олмон” хонда ба таъкибу фишор алайҳаш дар ин кишвар пурзӯр мешавад. Давлати федеролии Олмон таҳти раёсати садри аъзам Ангела Меркел борҳо айбнома алайҳи гузоришгари  нашрияи “Ди Велт”-ро иттиҳомоте бо ангезаи сиёсӣ унвон кардааст.

“ДЕЙЛИ ТЕЛЕГРАФ”

Рӯзномаи «Дейли телеграф»-и чопи Британия дар заминаи фурӯши силоҳ ба Арабистони Саудӣ навиштааст, ки фурӯши силоҳ аз суи Лондон ба Риёз ба далели нақзи ҳуқуқи башар дар Яман манъ шуда буд, ҳоло дубора оғоз шудааст. Британия аз соли 2015 инҷониб ба ҷониби Саудӣ расман ба маблағи 5.3 миллиард фунт стерлинг муҷавиз ё иҷозаи фурӯши силоҳро додааст. Вале ба иддаои рӯзномаи дигар -“Гардиан”давоми як панҷ солаи охир фурӯши аслиҳа аз Лондон ба Риёз ҳудуди 15 милиард фунт стерлинг ҳисобида шудааст.

«Дейли телеграф» навиштааст, ки давлати Англия бо нодида гирифтани ҷинояти ҷангии ҳукумати Арабистони Саудӣ, фурӯши силоҳро ба артиши арабҳо эълон  кардааст. Фурӯши силоҳ ба Арабистон аз сӯи Англия аз 20 июни соли гузашта қатъ гардида буд. Созмони афви байналмилал бо интиқод аз фурӯши дубораи силоҳ ибрози ноумеди карда, хостори ислоҳи низоми назорат бар фурӯш силоҳ дар Лондонро шудааст.

Дар ҷанги Яман теъоди қурбониён аз сад ҳазор нафар фаротар рафта, миллионҳо хонавода овора шуданд. Артиши Арабистони Саудӣ ва АМА муҳиммтарин кишварҳои эътилофи ҳастанд, ки беш аз 6 сол аст манотиқи мухталиф Яманро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд. Шиддати ин ҳамалот ба ҳадде буд, ки СММ онро «бузургтарин буҳрони инсонии муосир» хондааст. Бархе аз кишварҳо аз ҷумла Олмон дар вокуниш ба ин ҳамалот, муваққатан содироти силоҳ ба Арабистони Саудиро манъ карданд.

Хайруллои Абдуваҳҳоб

журналист