Ҳафтаи равон мавзўи иқтисодиёти кишвар ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи он дар меҳвари таваҷҷуҳи корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук қарор дошт. Абдуқаҳҳор Талбаков, як истифодабаранда аз корбарон дархостааст, то фикру назарҳои худро дар робита ба сатҳи феълии иқтисодиёти миллӣ баён созанд ва ҳамзамон ҷиҳати рушду нумўи он маслиҳату тавсияҳо ироа намоянд.

Дар зери ин матлаби муаллиф нахустин шуда корбаре бо исму насаби Ҷон Азиз шарҳ навишта, аҳамияти соҳаи маорифро дар ин замина муассир шуморидааст. Ў андешаи худро бо ин далел асоснок намудааст, ки агар сатҳи маърифатнокии мардум боло бурда шавад, мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳалли худро меёбад, зеро дар пояи сатҳи баланди маърифатнокӣ, шаҳрвандон мустақилона ба кушодани ширкатҳои хурду бузург шуруъ мекунанд, гардиши мол тавсеа ёфта, таваҷҷуҳи сармоягузорон бештар мешавад. Азбаски системаи мукаммали маориф иқтидори таъмини кадрҳои баландихтисосро пайдо мекунад, сарфи назар аз таъсиси зиёди корхонаҳои хурду бузург, ниёз ба кадрҳои берунӣ камтар боқӣ мемонад.

Дар доираи ҳамин мавзуъ, Абдуллоҳ Саидов, яке аз мубоҳисон чунин қайд кардааст, ки феълан имконияти мардум ҷиҳати тиҷорати озод маҳдуд ба назар мерасад. Илоҷи рафъи ин мушкилот дар он аст, ки назорати давлатӣ дар самти бартараф намудани монополия дар бозори дохилӣ пурзўр карда шавад.

Нуктаи дигар, ки аз ҷониби Шариф Салимов, як иштирокдори ин баҳс навишта шудааст, андешаҳои Абдуллоҳ Саидовро тақвият медиҳад. Ба назари ин корбар, бидуни рақобати солими тиҷоратӣ ҳар гуна бозори мавҷуда рў ба харобӣ меорад. Дар ин замина, моро зарур аст, ки ба ширкатҳои хусусӣ вобаста ба пешбурди фаъолиятҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ имтиёзҳои бештар пешбинӣ намоем. Муаллиф василаи дигари рушди иқтисодиёти кишварро дар он донистааст, ки сатҳи андозбандӣ бояд паст карда шавад. Махсусан Ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, ки арзиши пардохтҳои гумрукиро нисбат ба кишварҳои ҳамсоя ҳадди ақал то 2% коҳиш бидиҳад. Дар сурати мазкур, роҳи бозори дохилии мо барои тоҷирони кишварҳои ҳамсоя ҳамвор хоҳад шуд.

Бо назардошти шарҳи навиштаи корбарон як бонуи иштирокдор  ин нуктаро тавзеҳ додааст, ки агар шумори корхонаҳои саноатӣ бештар гардад ва мардум пурра бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд, дар натиҷаи равона сохтани қувваи бузурги корӣ ба истеҳсолот иқтисодиёти кишвар низ рў ба беҳбудӣ меорад.

Як роҳи дигарӣ раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ, ба назари Набиюллоҳ Ибодуллоҳ, яке аз иштироккунандагони ин баҳс дар он аст, ки дар садри сохторҳои давлатӣ бояд шахсони босаводу поквиҷдон ва дорои қобилияти роҳбаридошта таъйин гардад. Ин гуна афрод бояд тариқи озмун ва бидуни воситабозӣ ба кор қабул карда шавад.

«Яке аз авомили асосие, ки ба рушди иқтисодиёти кишвар монеъ гардидааст, тамаъҷўйӣ ва ришва мебошад» Ин нуктаро Набӣ Қодиров зимни шарҳи худ баён доштааст. Ба бовари ў, агар маоши кормандони ҳамаи сохторҳо баланд бардошта шавад, сатҳи ришваситонӣ паст мегардад. Дар ин гуна шароит ҳам агар мақомдоре ба амали коррупсионӣ даст бизанад, бояд аз ҷониби додгоҳ ба ў ҷазои сахту сангин таъйин карда шавад.

«Новобаста ба он ки мақомдор ҳастем ё не, агар хоҳем, ки иқтисодиёти кишварамон пешрафт кунад, ислоҳотро бояд аз худамон шуруъ кунем» – гуфтааст Давлатхоним Саидошурова. Ин корбар навиштааст: «Моро мебояд, содиқонаву софдилона пайи ободии Ватан камари ҳимат бандем. Дар сухан ватандўст будану амалан ҳеҷ иқдоме наандешидан, қобили қабул нест»

Сафо Олимов, яке аз мубоҳисон умедворӣ аз он намудааст, ки бо ба воя расидани кадрҳои нав ислоҳот низ дар соҳаи иқтисод сурат мепазирад. Ба таъкиди ў, имрўз ҳам иқтисодиёти кишвари моро мутахассисони варзида ба низом медароранд. Азбаски шумори мутахассисони соҳаи иқтисод кам дорем, дар ин ҷода мушкилоти зиёд ба назар мерасад.

Мусаллам аст, ки як қатор кишварҳои сайёра, ки дар фурсати кўтоҳ ба иқтисодиёти баланд дастёб гардиданд, таваҷҷуҳи бештари худро ба коркарди захоири табиии мавҷуда равона намуданд. Корбаре бо исми Хонҷон дар ин замина навиштааст: «Ба андешаи инфиродии ман, бояд гирифтани иҷозатномаи заршўйӣ дар Тоҷикистон сода гардонида шавад. Барои ҷалби фаъолияти заршўйӣ тамоми муҳоҷирони корӣ ба Ватан баргардонида шавад. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем суръатнокии рушди иқтисодиёти миллиро таъмин намоем. Масалан, як миллион шаҳрванд ба хазинаи давлатӣ ҳар моҳ ба миқдори 10 грамм тилло супорад, дар маҷмуъ 10 тоннаро ташкил медиҳад. Мутаассифона, ҳоло ин захираҳо тариқи дарёҳои Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя интиқол меёбанд, ки албатта, мояи нигаронии ҷиддист»

Дар хотимаи баҳси корбарон, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук атрофи  сатҳи феълии иқтисодиёти миллӣ сурат пазируфт, Ҷумъа Музаффаров нигоштааст: «Ибтидо хусумати шахсиву гуруҳӣ бояд аз миёни ҷомеа бардошта шавад. Баъдан ин иқдоми сода аз ҷониби Ҳукумат андешида шавад: Заминро ба соҳиби аслиаш деҳқон баргардонанд!»

Таҳияи Дилшоди Муҳаммад

масъули бахши “Афкор”-и барномаи “Бозтоб”