Эрон иддао кардааст, ки ҳатто пас аз 4 соли созишнома Ҳиндустон барои ин тарҳ маблағе надодааст, бинобар ин ҳоло ин лоиҳаро дар танҳоӣ ба анҷом расониданист, дар ин бора хабаргузории ҳиндии Тewstracklive хабар додааст.

Эрон гуфтааст, ки бидуни кӯмаки Ҳиндустон ин тарҳро идома медиҳад. Аз ин рӯ, вай тасмим гирифтааст, ки 400 миллион долларро аз хазинаи миллии рушди кишвар истифода кунад. Тарҳи Чорбаҳо то имрӯз бояд ба анҷом расонида мешуд, ки ширкати давлатии роҳи оҳани Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо  Эрон онро бояд сохта шавад. Созшнома барои иҷрои тарҳ байни байни Эрон, Ҳиндустон ва Афғонистон имзо шуда буд.

Аммо расонаҳои Ҳиндустон тағйири мавқеъ намудани Эронро  ба созишномаи 400 миллиард долларӣ байни Чин ва Эрон марбут медоданд, ки чанде пеш ба тасвиб расид.

Гуфта мешавад, ки  Чин дар пасманзари шиддат гирифтани муноқишаҳои марзӣ бо Ҳиндустон ба зудӣ бо Эрон аҳд кард. Тибқи ин, созишнома Чин мехоҳад нафтро аз Эрон бо нархи арзон бихарад ва бар ивази 400 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Бар илова, Чин ба Эрон аслиҳаи муосир хоҳад дод.  Тибқи иттилои расонаҳо, гуфтушунидҳо оид ба тавофуқномаи 25-солаи стратегӣ байни ду кишвар ба анҷом расидаанд.

Тавассути лоиҳаи Чорбаҳор, Ҳиндустон тасмим дошт, ки як роҳи оҳан аз тариқи Эрон ба Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ созад. Ин масири пайвастшавӣ бозори Ҳиндустонро дар  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо  васеъ мекард.  Ба даъвои мақомоти Ҳиндустон ҳам Чин ва ҳам Покистон аз ин нақша нигарон буданд.