Ҳафтаи гузашта низ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ  талафоти ҷонь ва молӣ ба қайд гирифта шуд. Зери чархи мошини тамғаи «Опел-Астра» мондани пиёдагард ва ба ҳалокат расидани ў дар роҳи  мошингарди Данғара – Темурмалик, бархурди  дучархасавор  ба мошини тамғаи «Ланд-крузер», дар  ноҳияи Ишкошим, бархурии ронандаи автомашинаи тамғаи «Хафей-Таенен»  ба девори канори роҳ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва аз беэҳтиётӣ берун афтодани мусофири автомашини «Газел»  дар деҳаи  Булбулчашмаи ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор аз садамаҳои маргборе мебошанд, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар додааст.

Агар чӣ баҳри пешгирӣ намудани садамаҳои роҳу  нақлиётӣ аз ҷониби идораҳои масъул корҳои зиёд бурда мешавад, вале бархе аз ронадагон қоидаҳои ҳаракатро сарфи назар менамоянд. Ҳафтаи гузашта яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар саҳифаи худ аз  таҷрибаи давлати Ўзбекистон дар робита ба пешгирии садамаҳои нақлиётӣ маълумоти ҷолиберо пешниҳод кардааст. Дар матлаби ин корбар гуфта мешавад, ки: «Дар вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон,  дар канори роҳ, автомашинаи дар натиҷаи садамаи  нақлиётӣ харобгардидаро гузоштаанд. Соҳибназарон ба ин боваранд, ки ронандагони дар пушти чанбари мошин нишаста  бо дидани ин манзара  суръати ҳаракатро паст менамоянд».

Дар иртибот ба ин мавзўъ Сергей  Кретков,  яке аз  корбарони дигари  Фейсбук навишта, ки: «Баҳри пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ моро мебояд дар ҳар чорроҳа чунин мошинҳои пас аз садама  харобгаштаро гузорем.»  Дар шарҳи дигари ин мавзўъ Азамбек  Бакиев аз таҷрибаи Тоҷикистон ҳам ёдовар шудааст: «Қабл аз ин чунин  таҷриба дар Тоҷикистон  амалӣ гардида буд. Масалан,  дар шоҳроҳи Хуҷанд – Мастчоҳ  қолаби автомашинаи тамғаи ВАЗ 21011 пас  аз садама  гузошта шуда буд, ки дар пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аҳамияти калон дошт».

Аммо дар ин радиф, яке аз мубоҳисони дигар бо номи Акмал нигоштааст, ки: «Дар шароити кунунӣ  гузоштани мошинҳои пас аз садама мувофиқи мақсад нест, зеро аз ҷониби нафароне, ки ба тиҷорати оҳанпора машғуланд,   пинҳонӣ рабуда мешаванд».

Сабрина Русланова, дар ин замина бо танз чунин менигорад: «Пешорўи ронандагони имрўза на танҳо нақлиёти дучори садама, балки ҷасади фавтидаи ронадаи онро ҳам гузорӣ, дар паст кардани суръати ҳаракати нақлиёт ҳеҷ таъсире намегузорад».

Воқеан, бо вуҷуди таъкидҳои зиёд  дар робита ба сарфи назар намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва паёмади он бештари ронадагон ҳамоно ба суръатафзоӣ роҳ медиҳанд. Умед бар он мебандем, ки  ронадагони мо мошинро дар доираи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ идора намуда, дар баланд бардоштани маърифати гашту гузори сокинон  саҳми худро мегузоранд.

Дӯстмурод Файзализода

Радиои «Тоҷикистон»