«Ин зироати қадимӣ барои муолиҷаи фишорбаландӣ, ҷамъшавии намак дар узвҳо, илтиҳоби серширу музмини меъда, диабети қанд, халадарди рўдаҳо, илтиҳоби буғумҳо, қабзи  рўдаҳо, миёндард ва ғайра истифода мебаранд. Шираи тару тозаи бехмеваашро барои паст намудани шираи баланди меъда, ҷигарсўзок, хамираи аз бехмевааш тайёр намударо барои муолиҷаи зардзахм, псориаз, сўхтагӣ ва бехмеваи пухташудаашро дар муолиҷаи буғумҳои мубталоёни ниқрис ва тарбод истифода мебаранд»

Ин навиштаҷоти профессор Ҷаҳон Азонов моро водор сохт, ки ба мавзуи мазкур даст занем. Аслан Тоҷикистони азизи моро  сартосари ҷаҳон ҳамчун кишвари меваҳои шаҳдбор, гулу гиёҳҳои табобатӣ мешиносанд. Аз мушоҳидаи солҳои охир бармеояд, ки тўли 10 – 15 соли охир ҷомиаи ҷаҳонӣ, ба яке аз растаниҳое, ки дар кишвари мо низ мерўяд, аммо аз назари масъулини соҳаи кишоварзии мамлакат канор мондааст, яъне топінамбур  ва ё ба истилоҳи мардумӣ  «ноки заминӣ» таваҷҷуҳи дучанд доранд. Дар таркиби бехмеваи топинамбур аз 20 то 30% моддаҳои хушк мавҷуд аст, ки дар онҳо аз 15,3 то 22,7% карбогидратҳо мавҷуд буда, моддаи ҳалшавандаи онҳо 75- 80%-ро ташкил медиҳад. Дар як сентнер бехмеваи топинамбур аз 25 то 30 воҳиди хўрокӣ ва 1,5 кг протеини ҳазмшаванда мавҷуд аст, ки ин нисбат ба картошка 1,2-1,6 маротиба ва нисбат ба лаблабу 1,7-2,5 маротиба зиёд аст.

Ҳамсуҳбати мо Қурбоналӣ Партоев-доктори илмҳои кишоварӣ мегўяд, ки  «истеъмоли ноки заминӣ буняи инсонро мустаҳкам карда организмро аз гирифторшавӣ ба ҳаргуна бемориҳо ҳимоя мекунад».

Парвариши топинамбур дар деҳот аз чанд ҷиҳат муҳим ҳаст.  Агар аз як тараф бо густариш додани кишти топинамбур дар заминҳои аз гардини кишоварзӣ канор монда иқисодиётро тахким бахшем аз тарафи дигар мо бо истеъмоли он саломатиамонро беҳбуд мебахшем.

Ҳамсуҳбати дигари мо доктори илмҳои кишоварзӣ Сайфиддин Садриддинов низ мутмаъин аст, ки кишти топинамбур метавонад, қабати ҳосилхези заминҳои аз гардиши кишоварзӣ канормондаро таквият бахшад.

Ба андешаи Қурбоналӣ Партоев – доктори илмҳои кишоварзӣ бартарии биологии топінамбур дар бисёрсола будани он аст. Ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, ки  кишти омехтаи топінамбуру офтобпараст ва ё ҷуворимакка дар заминҳои сатҳи обашон баланд имкон медиҳад, ки мо самаранокии истифодаи заминро таъмин намоем.

Воқеан ҳам васеъ намудани майдони кишти ин зироат метавонад дар бахши кишварзии мамлакат барои таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузорад. Айни замон  дар аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё маҳсулоте, ки аз зироати топинамбур ба даст оварда мешавад, дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ самаранок истифода мешавад. Ба ақидаи доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев ҳатто ҳангоми хело паст будани ҳосилнокии баргу поя ва бехмеваи топинамбур   хароҷоти молиявии топинамбур пурра рўйпўш мегардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз 9 сол муқаддам  зимни  таҷлили 60-солагии таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон 18-уми ноябри соли 2011 иброз намуда буданд, ки мо метавонем бо истифода аз ҳисоби кишти топинамбур заминҳои лалмиву бекорхобидаро сабзу хуррам намоем. Агар чунин аст, пас чаро масъулин нисбат ба ин зироати муҳими стратегӣ бепарвоӣ зоҳир мекунанд?  Моро дар ин самт таваҷҷуҳи  ҷиддӣ мебояд.

Муродулло Раҳимов,

радиои «Тоҷикистон»