Имсол сокини деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Тағайбек Файзаллиев аз ҳисоби буҷаи худ сокинони деҳаи мазкурро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд. Дар доираи амалҳои неки инсонӣ ва ташаббусҳои пайвастаи шахсони саховатпеша Тағайбек Файзаллиев мушкилоти аслии сокинони деҳаи Зарнисор бартараф шуд, ки аз  камбуди оби тозаи ошмоиданӣ азият мекашиданд.

Тавре дар ин бора яке аз пайвандони ин марди хайрхоҳ Азизҷон Холзода ба хабарнигори Радиои Тоҷикистон иттилоъ дод,  оби нӯшокӣ аз масофаи 11 – километр бо харҷи 15 ҳазор сомонӣ дар давоми 8 рӯз оварда шудааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки сокинони деҳаи Зарнисор ва дигар деҳаҳои гирду атроф солҳои зиёд аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Ҳамакнун тӯли 5 моҳ мешавад, ки ин мушкили рӯзмараи мардуми маҳал роҳи ҳалли худро пайдо намудааст. Дар баробари сокинони деҳаи мазкур инчунин истиқоматкунандагони деҳаҳои Давлатшоён ва Сафарбоён бе ягон мамоният аз ин оби нӯшокӣ истифода бурда истодаанд. Аҳамияти ин иқдоми наҷиби шахси ватандӯст Тағайбек Файзаллиев дар он арзёбӣ мешавад, ки касе барои истифодаи об маблағе намесупорад.

Ёдовар мешавем, ки саҳми Тағайбек Файзаллиев ва фарзандонаш инчунин дар ободии ин гӯшаи диёр назаррас мебошад. Дар ҳар ҳама ҳолат дасти кӯмаки ин хонавода ба сокинони деҳаҳои болозикр мерасад. Умед бар он мебандем, ки корҳои анҷомдодаи Тағайбек Файзалиев намунаи ибрати дигар  шахсони имкониятдошта мешавад ва онҳо ҳам низ дар рушду ободии диёри хеш саҳми худро мегузоранд. Ба ин васила корҳои ободонӣ дар саросари мамлакат вусъати тоза касб хоҳад кард.

Нуралӣ Давлат

Радиои Тоҷикистон