164

Вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ, дар назди мардум шаъну шарафи дигаронро паст задан аз амалҳоест, ки дар баробари инсонро беобрӯ сохтан аз костагии одобу ахлоқ ва сабукфикрии содиркунандаи он далолат медиҳад. Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир содиршавии чунин амалҳои номатлуб аз ҷониби як зумра ҷавонони кутоҳандеш дар маконҳои ҷамъиятӣ бештар ба қайд гирифта шуда истодааст, ки боиси нигаронист.

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии чунин амалу кирдорҳои ғайриахлоқӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, нисбати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдоркунандагони симои пойтахт чораҳои муассир меандешанд. Аз ҷумла дар доираи иҷроиши талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 61 аз 4 феврали соли 2020 “Дар бораи ташкили гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ миёни сокинони пойтахт» ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии ҷавонону наврасон ва пеш аз ҳама пешгирӣ аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе аз ҷониби милитсияи пойтахт як қатор амалиётҳои профилактикӣ, рейду санҷиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ин замина, танҳо давоми як рӯзи баргузории амалиёти шартӣ бо номи «Тартибот» аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе 25-ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ зоҳир намудан нисбати дигар шаҳрвандон дар маконҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷавонони ноогоҳу кутоҳандеш муайяну ошкор карда шудаанд.
Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо дар ҷараёни баргузории амалиётҳои профилактикӣ нишон медиҳанд, ки дур мондани баъзе аз ҷавонон аз таҳсили илму дониш, тақлиди куркурона ба фарҳангу маданияти бегона ва худнамоию ҳавобаландии онҳо боиси коста гардидани одобу ахлоқи ин тоифа шаҳрвандон гардидааст, ки дар натиҷа онҳо даст ба содир намудани ҳаргуна амалу кирдори ношоям ва иброз доштани суханони таҳқиромезу дашномҳои қабеҳ мезананд. Махсусан, ҳодисаи нангин он аст, ки баъзе аз ҷавонон нисбати модарону хоҳарон ҳақорату дашном ва суханони носазо гуфта, шаъну шарафи онҳоро дар назди дигар атрофиён паст мезананд. Чунин афрод то дараҷае бетамизию костагии ахлоқи худро намоиш медиҳанд, ки андеша намекунанд ӯ низ аз модар ба дунё омадаву дорои хоҳару бародар мебошад.
Маҳз ба хотири ба эътидол овардани ин вазъ кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар байни ҷавонону наврасон, дар маконҳои ҷамъшавии шаҳрвандон ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои зиддиқонунӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои профилактикӣ ва рейду амалиётҳои санҷиширо тақвият додаанд.
Қобили зикр аст, ки дар ин раванд саҳми шаҳрвандон низ ниҳоят назаррас буда, ба мақомоти милитсияи пойтахт, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд, ки ин ба саривақт гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа мусоидат намудааст.
Чуноне иброз гардид дар ҷараёни баргузории амалиёти шартии «Тартибот» танҳо давоми як рӯз 25 ҳолати кирдорҳои майдаавбошонаи шаҳрвандон ошкор карда шуда, нисбати содиркунандагони он чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.
Аз ҷумла дар ҷараёни амалиёти мазкур 16-ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо, 2-ҳолат дар ошхона ва 7-ҳолат муноқиша ва хушунати оилавӣ, ки боиси халадор гардидани тартиботи ҷамъиятӣ гардидааст, муайян карда шуд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати 9-нафар бо қарори Суд ҷаримабандӣ карда шуда, 8-ҳолати дигар дар баррасӣ қарор доранд. Ҳамзамон нисбати 7-нафар вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ кирдори майдаавбошонаи онҳо тибқи муқаррароти моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва нисбаташон алакай бо қароҳои дахлдори мақомоти Судӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ аз 5 то 15 шабонарӯзӣ татбиқ гардида, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.
Аз ҷумла нисбати шаҳровандони зерин ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шудаанд;
– Талбаков Зикриё Саломович соли таваллудаш 16.12.1971, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, ҷамоати Зиракӣ;
– Бурҳонов Муҳаммад Қиёмидинович соли таваллудаш 02.12.1989, истиқоматкунандаи н. Восеъ, кучаи Саидамир Садиров;
– Комилов Муҳаммад Аҳмадчонович соли таваллудаш 12.06.1998, истиқоматкунандаи н. Сино, кӯчаи А. Навоӣ;
– Шеров Рамазон Файзалиевич соли таваллудаш 24.01.1998, истиқоматкунандаи н. Сино, маҳаллаи Деҳи Боло;
– Раҳмонов Нуридин Зубайдуллоевич соли таваллудаш 20.04.1984, истиқоматкунандаи н. Темурмалик, деҳаи Қарқамиш;
– Холов Қадриддин Шералиевич соли таваллудаш 25.03.1993, истиқоматкунандаи н. Шоҳмансур, маҳаллаи Ховарон;
– Иброҳимов Нуралӣ Ғуломович соли таваллудаш 20.10.1962, истиқоматкунандаи н. Фирдавсӣ, кӯчаи Клара Сеткина;
Бояд гуфт, ки аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани маърифату одоби шаҳрнишинии шаҳрвандон махсусан ҷавонону наврасон чунин амалиёту корҳои профилактикӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Вобаста ба ин аз шаҳрвандон низ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки худро дар канор нагирифта, ҳангоми мушоҳидаи амалу кирдори номатлуб ҷиҳати бартарафсозии он саҳми худро гузоранд. Зеро танҳо дар ҳамбастагӣ метавон тартиботи ҷамъиятиро таъмин ва маърифатнокии шаҳрвандонро баланд бардошт.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия