Ба иттилои Кумитаи ҷавонон ва варзиш тибқи Нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон аз ҷониби кормандону волонтёрон ва мурабиёни мактаби варзишии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии барои кӯмак дар сохтмони хонаҳои аз офатии табии зарардидаи  Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон сафарбар гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ин гурӯҳи ҷавонони ватандӯст аз 25 нафар иборат мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар кӯмак ба ин минтақаи аз офати табии осебдида саҳми ҷавонони ватандӯстӣ дигар ноҳияҳо низ назаррас аст ва пайваста ҷавонони мо кӯшиш мекунанд, ки то дар паҳлуи мардуми ниёзманд бошанд.