Санаи баргузории марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд, ки  дар он 12 дастаи лигаи якум ширкат  намуда, бозиҳо 7-8 июл баргузор мешаванд.  

Агар дар вақти бозии  асосӣ  ғолиб муайян нагардид, пас ду пайти 15-дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Дар сурати боз ҳам муваффақ нашудани дастаҳо ғолиб тариқи зарбаҳои ёздаҳметра муайян карда мешаванд.  Дар натиҷаи бозиҳо шаш даста ба даври 1/8-финал роҳ меёбанд ва ҳамроҳ бо 10 дастаи лигаи олӣ мусобиқаро идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол формати бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ анҷом медоданд, ин мавсим дастаҳо дар ҳар марҳила як бозӣ мекунанд. Мизбони бозӣ тариқи қуръакашӣ интихоб мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон-2020
Марҳилаи муқаддамотӣ

7 июл (сешанбе). Оғози бозӣ — соати 17:00.

«Саройкамар (Панҷ) – «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)

«Равшан (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ)

«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» (Душанбе)

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор)

8 июл (чоршанбе). Оғози бозӣ — соати 17:00.

«Ҳосилот» (Фархор) – «Моҳир» (Ёвон)

«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд)