Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар шаҳри Исфара бо маблағгузории Фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳри Магнитогорски Федератсияи Россия боз як корхонаи истеҳсолӣ – Корхонаи пойафзолдӯзии «Саманд» таъсис ёфтаву ба фаъолияти шурӯъ намуд.

Дар хабари омадааст, кт  алҳол аз ҷониби муассис ба миқдори 233,5 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифта, дар ояндаи наздик ҳаҷми он ба 500 ҳазор сомонӣ расонида мешавад.

Гуфта мешавад, ба фаъолият оғоз намудани корхона имконеро фароҳам сохт, ки наздик ба 30 нафар сокинони шаҳр ҷойи кори доимӣ пайдо намоянд. Интизорӣ меравад, ки давоми соли равон ҳамзамон бо воридсозии таҷҳизоту хатти дигари истеҳсолӣ шумораи кормандонаш то 40 нафар афзоиш ёбад.

Тибқи иттилои Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдории Исфара иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки алҳол беш аз 10000 ҷуфт намудҳои гуногуни пойафзолҳои кӯдакона ва калонсолон истеҳсол гардад ва афзоиши тадриҷии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тарҳрезӣ гардидааст.