Бинои ММТ. Акс аз Интернет

Маркази миллии тестӣ бо як эълон дар сомонааш ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок карда натавонистаанд, расонидааст, ки даври иловагии имтиҳонҳо барои чунин довталабон рӯзи 12-уми июл мегузарад. 

Дар эълони ММТ омадааст, ки тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ гардидааст, довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон иштирок карда натавониста, дар даври иловагии имтиҳон иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро, ки Маркази миллии тестӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, пардохта, ба Марказ ариза пешниҳод намояд.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар соли 2020 барои як довталаби дар даври иловагии имтиҳон – қисми А ё Б иштироккунанда 60 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсони зерин аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла дар даври иловагии он) озоданд:

– ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола;

– маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.

Инчунин, шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2020 озоданд ва барои иштирокашон дар қисми дахлдори имтиҳон маблағи хизматрасониро ба андозаи 30 сомонӣ пардохт мекунанд.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2020 пурра озод аст.

Варақаи аризаро довталаб аз маркази имтиҳонӣ ё бахши минтақавии Марказ (дар давраи имтиҳонҳо – аз 1-ум то 7 уми июл), худи Марказ ё сомонаи он дастрас карда метавонад. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, ба он нусхаи варақаи бақайдгирии довталаб ва расиди бонкӣ дар бораи пардохти маблағи иловагии муқарраргардида илова карда шавад. Пас аз пур кардани варақаи ариза довталаб онро бо замима кардани варақаи бақайдгирӣ ва расиди бонкӣ бояд ба Маркази миллии тестӣ (то 9-уми июл, аз соати 08:00 то соати 17:00) ё маркази имтиҳонӣ (то 7-уми июл аз соати 09:00 то соати 13:00) пешниҳод намояд.

Муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур аз 2-юм то-9 уми июл муқаррар гардидааст. Таъкид мекунем, ки бинобар ба раванди имтиҳонҳо ҷалб гардидани кормандони бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳру ноҳияҳо қабули аризаҳо дар бахшҳои мазкур аз 2-юм то 7-уми июл (аз соати 14:30 то соати 17:00) ва дар худи Марказ аз 2-юм то 9-уми июл роҳ монда мешавад. Инчунин, азбаски тибқи талабот бояд ба ариза асли расиди бонкӣ замима карда шавад, аризаҳо бо нусхаи (сканершудаи) расиди бонкӣ тавассути почтаи электронӣ қабул карда намешавад.

Даври иловагии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) рӯзи 12-уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ баргузор мегардад. Вобаста ба ин, довталаб дар аризаи худ бояд яке аз шаҳрҳои зикргардидаро қайд намояд.

Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод мекунанд, тавсия медиҳем, шаҳреро, ки дар он имтиҳонро супоридан мехоҳанд, дар ариза ҳатман нависанд ва шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, худ бо телефонҳои дар зер нишондодашуда барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд.

Ёдрас менамоем, ки онҳое, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ ё марҳалаи иловагии бақайдгирӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок карданро дар даври иловагии имтиҳонҳо надоранд.

Нишонӣ ва рақамҳои телефони Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он

 

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдаки, 192

Телефонҳо: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68

Факс: (+992 37) 224 53 66

Сомона: www.ntc.tj

Почтаи электронӣ: office@ntc.tj“>office@ntc.tj

————————————————————–   —————————-

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Нишонӣ: шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79

————————————————————–   —————————-

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Нишонӣ: кӯчаи Ҳаким Карим, 16

————————————————————–   —————————-

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Нишонӣ: кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105

————————————————————–   —————————-

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар

Нишонӣ: кӯчаи Борбад, 13

————————————————————–   —————————-

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

Нишонӣ: хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26

————————————————————–   —————————-

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

Нишонӣ: кӯчаи Марказӣ, 32

————————————————————–   —————————-

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ

Нишонӣ: кӯчаи Шоҳқирғизов, 12