558

ВКД аз боздошти як гурӯҳи нашъаҷалоб хабар дода аст. Сомонаи ин Вазорат менавсад, ки аз дар натиҷаи гузаронидани коркардҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак се нафар шаҳрвандон бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва хариду фуруши маводи нашъадори навъи «Ҳашиш», дастгир карда шуданд.
Инҳо:

555
Одинаев Шермаҳмад -соли тавллудаш 1992 сокини ноҳияи Дарвоз ВМКБ

556

Сабуров Манучеҳр – соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кулоб

557
Қобилҷони Мирзомуддин ,- соли таваллудаш 1991 зодаи шаҳри Кулоб, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошанд.

Нисбати гумонбаршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД шаҳри Норак павандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бояд гуфт, ки ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои қонунгузорӣ тасдиқ шудаанд, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои фаъолиятест, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаронида шуда, ҳангоми натиҷагирӣ ва баҳодиҳии фаъолияти шуъбаву хадамотҳои мақомот ба ин самт таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Маводи мухаддир дар замони ҳозира яке аз сарчашмаи хатарнок маҳсуб ёфта, мутаасифона бештар ба он баъзе аз ҷавонон саргармӣ пайдо менамоянд, ки оқибатҳои ногуворро дар паи дорад.
Имрӯзҳо ҳар яки моро зарур аст, ки барои пешгирии амалҳои номатлуб, гумроҳшавии ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бояд саҳмгузор бошем.