Мусо Саидаҳмадзода  сардори Раёсати иқтисоди Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои “Садои Душанбе” гуфтааст, ки агар бемории мазкур дар моҳҳои сентябр-октябр дубора авҷ гирад, эҳтимоли то ба 100 фисад расидани зарар вуҷуд дорад. 

Мутахиссисони соҳа гуфтанд, ки бо пайдоиш ва ба қайд гирифтани бемории навъи Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти сайёҳии мамлакат ба хисороти бештаре рӯ ба рӯ гардид. Мувофиқи таҳлили коршиносони соҳа, бемории Каронавирус аз 60 то 70 фисад таъсири манфии худро ба соҳаи туризми ҷумҳурӣ расонид.

Ба хотири нигаҳ доштани мувозинат ва барқарор намудани хисорот аз ҷониби Президенти мамлакат Фармоне, ба имзо расид, ки дар он аз бартариятҳои субъектҳои фаъолияткунандаи соҳа гуфта мешавад. Аз ҷумла зикр гардидааст, ки аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ гардад ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд.

Ба хотири аз фаъолияти намондани  ширкатҳои сайёҳӣ, бо пешниҳоди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди сайёҳии дохилӣ барқарор карда шудааст. Масъулини соҳа бошанд, таъмини солимии аҳолиро ҳангоми сафар ба минтақаҳои кишвар, пурра наззора мегардад, вале кор гирифтан аз чораҳои бехатариро асоси фаъолияти муназзами худ медонанд.

Манбаъ: www.sadoidushanbe.tj