РӮЗНОМАНИГОРИ ВАРЗИШӢ ИД ДОРАД!

Имрўз, дар тамоми сайёра Рўзи хабарнигорони варзишӣ таҷлил мешавад ва хушо, ки дар ин миён тамоми оилаи рӯзноманигори варзишии Тоҷикистон низ ҷашни касбии худро таҷлил менамоянд. Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ шурӯъ аз соли 1995 бо ташаббуси Ассотсиятсияи байналмилалии рӯзноманигорони варзишӣ қайд карда мешавад. Санаи мазкур ба он хотир интихоб гардидааст, ки маҳз дар ҳамин рӯз соли 1924 дар шаҳри Париж Ассотсиятсияи мазкур таъсис ёфта буд.

Дар таърихи Васоити ахбори омма (ВАО)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи рӯзноманигории варзишӣ пайваста нақши созгори худро дар ҳаёти ичтимоиву иқтисодии кишвар гузошта, бо мурури замон ва рушди илму техника ҳамқадам мебошад. Вуруди фарҳанги техникӣ дар ҷомеа барои пешрафти журналистика, алалхусус журналистикаи варзишӣ заминаи мусоиде фароҳам овард. Таъсиси шумораи зиёди телевизионҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо, сомонаву саҳифаҳо дар шабакаи интернетӣ мисоли равшанӣ густариши ин соҳа шуморида мешавад.

Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта буд. Мақсад аз таъсиси ин телевизиони варзишӣ ин пур намудани фазои нопураи иттилоотии кишвар, ҷиҳати боз ҳам ғаниву рангоранг гардидани фазо, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарзи ҳаёти солим ва зебоипарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии кишвар ба иттилооти варзишӣ мусоидат менамояд.

Дар замони муосир ҳар як узви ВАО-и кишварро зарур аст то ҳамкадами ҳаёт ва ҷузъи хело муҳим ва ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократӣ бошад ва дар интихобу дастрасии сокинон ба тозатарин ва дар мисоли телевизиони Варзиш дар дастрасӣ ба тамошобобтарин контенти варзишӣ мусоидатбахш бошем. Чӣ тавре мо медонем, ВАО-и электронии кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон босуръат ва пурмаҳсул рушд менамояд ва рӯзноманигорро зарур аст ҳамқадами замона бошаду фазои холии иттилоотии Тоҷикистонро бомуваффақият пур намояд.

Бо мақсади саривақт хабардор ва расонидани иттилооти нав, ҳамзамон алоқаи зич бо мухлиси худ сомонаи телевизиони “Варзиш”, саҳифаҳои расмии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар серистифодабарандатарин гурӯҳҳо ҳамарӯза ва қариб ҳамасоата фаъол мебошанд. Телевизиони “Варзиш” кӯшиш менамояд то аз хабарҳои варзишӣ, анонсу гузоришҳо ва ҳатто сабти барномаҳоро ба мухлиси худ дастрас гардонад. Инъикоси хабари воқеъӣ ва фавриро пешагузорӣ гузошта, ҳамаи ин корҳоро танҳо бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда аст, ки дар раванди тарғиби забони модарӣ миёни мухлис саҳмгузорӣ мебошад.

Ин ҳама албатта бидуни ҳамдастӣ бо ҳамкасбони худ аз расонаҳои дигари варзишӣ сурат намегирад, ки телевизиони “Варзиш” аз онҷо сипосгузор аст. Дар ин рўзи фархундаву фараҳбахш ҳамаи ҳамкасбони худ ва кулли мухлисони варзишро табрику таҳният гуфта, орзу дорем, ки варзишгарони мо бо фатҳи қуллаҳои баланди варзишӣ моро шод менамоянд ва ва мо ин пайки хушро ба гўши оламиён ҳамчун дастоварди навбатии миллати сарбаланди тоҷик, мерасонем.

Ид муборак, ҳамкасбони азиз!!!

                          Манбаъ: https://varzishtv.tj/