Телевизиони  давлатии Чин  “ССТВ”  аз тасвиби «қонуни амнияти миллии Гонконг» дар нишасти  Конгреси халқии Чин дар Пекин хабар дод.

Телевизиони давлатии Чин бо истинод ба як манбаи муътамад гузориш дод, ки ин қонун субҳи рӯи 30 июн  тавассути кумитаи доимии сездаҳумин Конгеси  халқии Чин ба иттифоқи оро тасвиб шуд. Пекин ин қонунро дар посух ба эътирозоти хушунатомези тарафдорони ба истилоҳ демократия дар соли гузашта дар Гонконг таҳия кард.

Мақомоти Чин мегӯянд, ки  ин қонун натанҳо ба ҳуқуқи шаҳрвандони  Гонконг осебе ворид намекунад, балки бо барандозӣ, терроризм, ҷудоиталабӣ ва мудохилаи неруҳои хориҷӣ муқобила хоҳад кард. Бар асоси ин қонун хиёнат, ҷудоииталабӣ ва талош барои барандозӣ мамнуъ хоҳад буд. Чин ҳамчунин гуфтааст, ки мубориза бо тазоҳуроти хушунатомез дар Гонконг зарурӣ аст.

Муҳимтар  аз ҳама ин ки  Пекин қудрати тафсири қонунро хоҳад дошт, аз ҷумла, агар қонунҳо  бо якдигар мухолифат  дошта бошанд, қонуни Чин авлавият меёбад. Бояд гуфт Гонконг аз моҳ июни 2019 шоҳиди эътирозоти густурдае буд, ки дар пайи тасвиби лоиҳаи қонуни  истирдоди  муҷримон ба Чин оғоз шуд.

Пеш аз ин илова бар Амрико, вазирони хориҷии Бритониё, Австралия ва Канада дар бораи тасвиб ин қонун нигаронии  шадид иброз карда буданд. Донал Трамп, раис ҷумҳурии Америка хотирнишон карда буд, ки дар ҳамин росто барои мақомоти чини маҳдудияти раводид ҷорӣ мекунад.

Давлати Ҷумҳурии мардумии Чин  борҳо ба Амрико ҳушдор додааст дар умури дохили Гонконг, ки кори  дохили Чин аст,  дахолат накунад.  Ёдовар мешавем, ки дар соли  1997 муддат иҷораи Бритониё поён ёфт ва Гонконг бори дигар таҳти ҳокимият Чин қарор гирифт.