Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бори дигар аз сокинони сайёра хост, ба ҳадди ниҳоӣ чораҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Ба гуфтаи масъулини ин Созмон эпидемия босуръат ҷараён дорад ва шумораи гирифторон ҳам дар маҷмуъ тадриҷан афзоиш меёбад. Ин ҳолат замони анҷоми пандемияро номуайян кардааст.

Дар брифинги хосае Тедрос Адханом Гебрейесус, директори генералии ин Созмон гуфт:  “Мо хоҳиши ҳарчи зудтар бозгаштан ба ҳаёти муқаррариро мефаҳмем, аммо дар хотир дорем, ки ҳеҷ чиз ба поён нарасидааст. Бале, дар як қатор кишварҳо натиҷаҳои мусбат мавҷуданд, аммо дар асл мавҷи пандемия то рафт шиддат мегирад”

Тибқи маълумоти нави СҶТ, давоми шабонарӯзи гузашта шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 10 10 311 379 нафар ва теъдоди фавтидагон 505 655 кас мебошад. Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 5 242 546 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 590 582 нафар), Бразилия (1 368 195), Россия (641 156), Ҳиндустон (566 840), Британияи Кабир (313 470), Перу (282 365), Испания (248 970),Чили (275 999), Италия (240 436) ва Эрон (225 205) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.