Ахиран Маркази байналмилалии тиҷорат бо пахши як иттилоия ҷомиаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар гусасташавии глобалии занҷираҳои истеҳсол – интиқол – савдо соли равон камаш $126 миллиардро аз даст додааст. Воқеияти чанд моҳи ахир нишон дод, ки  ин хисорот ба иқтисоди кишвари мо, аниқтараш ба бозори истеъмолӣ то андозае таъсировар буд ва эҳтимоли идомаи асари он  зиёд аст.  

Қурбоналӣ Партоев
Қурбоналӣ Партоев

Коршинсон яке аз омилҳои камнамудани таъсири манфии ин хисоротро дар шарити Тоҷикистон самаранокии кишти такрорӣ медонанд.          Қурбоналӣ Партоев доктори илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, ки 60 дарсад тақвият додани кишти зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла лўбиё ва ҷуворимаккаи донро дастури саривақтӣ медонад. Аммо аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки ҳангоми кишти такрорӣ деҳқонон боқимондаҳои пояи гандумро оташ мезананд, ки ин хилофи баланд бардоштани самаракокии замин аст. Бо ин амал онҳо баъзе аз компонентҳои муфиди қабати ҳосилхези хокро нобуд мекунанд.

Бахтиёр Одинаев

Ҳамсуҳбати дигари мо Бахтиёр Одинаев аз Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат низ кишти зироати лубиёгиро барои соҳа нофеъ медонад. Ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, зироати лубиёгӣ хусусияти хоси худро дошта, метавонад аз 100 то ба 120 киллограм азотро аз ҳаво ҷабида қабати ҳосилхези заминро таҳким бахшад. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки деҳқонон баъзан тухмиҳои коркардшудаи сунъии хориҷиро кишт мекунанд, ки бар зарар аст.

Интихоби тухмӣ ҳангоми кишт барои ба даст овардани ҳосили баланд омили муҳим аст-мегуяд дар идомаи суҳбат доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев. Агар сифат ва навъи тухмӣ ба талабот ҷавобгў набошад, деҳқон зарари ҷиддӣ мебинад.

Лозим ба зикр аст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайвасти зимни нишасту суханрониҳо доир ба вусъати кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба масъулин супоришҳои қатъӣ медиҳанд.  Аз ҷумла дар доираи сафари расмии корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон соли ҷорӣ Пешвои миллат бо назардошти вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаи мутасаддиёни арсаи кишоварзии мамлакатро муваззаф карданд, ки нақшаи кишти зироат, мушаххасан майдони кишти картошкаро 40 дарсад ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладона, лўбиё ва ҷуворимаккаи дон то 60 дарсад зиёд намоянд.

Дар шароити кунунӣ, ки паҳншавии бемории COVID-19 ба мушкили рақами якуми сайёра табдил ёфаасту ба воридоту содироти молу маҳсулот бетаъсир нест, кишоварзони заҳматқаринро мебояд, чи дар кишти асосӣ ва ё кишти такрорӣ ҳар як ваҷаб заминро пурсамар истифода баранд, то дар ҳама фасли сол фаровонии бозори истеъмолии мамлакат таъмин гардад.  Мо дар ин самт ба барзгарони мамлакат хирмани пурбор таманно дорем.

Муродулло Раҳимов,

Радиои «Тоҷикистон»