Ҳамкорони азиз, бо фаро расидани ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27-уми июн таҷлил мегардад, шуморо аз номи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам табрику таҳният намуда, бароятон сарбаландию саломатӣ ва қобилияти ҷаззоби касбию сухани созанда таманно дорам!

Агар моҳияти ваҳдатро аз нигоҳи илм баррасӣ кунем, ин мафҳум доманаи хеле фарох дорад. Он ягонагию сарҷамъӣ ва як мақсаду як ҳадаф доштани миллатро ифода мекунад. Ба ин маънӣ ваҳдати миллӣ ҷавобгўй будани миллати моро ба нишонаҳо ва хусусиятҳои асосии миллат ҳамчун иттиҳодияи таърихан шаклгирифта ва устувори халқи тоҷик таъмин кард. Яъне бо ба даст овардани ваҳдати миллӣ, мо ҳамчун як миллати воҳид умумияти ҳудуди ҷуғрофӣ, ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, забони адабӣ, дину мазҳаб, ахлоқ, илму фалсафа, санъату адабиёт, урфу одат, ҳувият ва худшиносии миллӣ ва унсурҳои дигари ташаккулдиҳандаи миллатамонро, ки бо доман паҳн кардани ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ хатари аз байн рафтанашон пеш омада буд, таъмин карда тавонистем. Мусаллам аст, ки бе таъмин кардани унсурҳои миллатсозе, ки зикрашон рафт, пойдории давлату миллат ғайри имкон буда, аз даст додани истиқлолият маънои ба нестию гумномӣ расиданро дорад. Ҳамин гуна хатари фалокатбор дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ватани моро таҳдид мекард, ки даҳшати онро фаромўш накардаем. Хушбахтона бо ҷасорату матонат ва талошҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо ба ин дастоварди беназир ва боазамат ноил гардидем, ки тамомияти арзӣ, бақои давлат, шукуфоии сарзамин, волоияти қонун, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, рифоҳи рўзгори мардум ва бардавомии умри миллати моро таъмин кард. Мову шумо сарбаландем, ки дар таърихи бисёрҳазорсолаи миллати куҳанвуҷуд ва куҳантамаддуни тоҷик мисли гузаштагони накуноми хеш насли ваҳдатсозу бунёдкорем.

Тавре, Пешвои муаззами миллат 26-уми июни соли 2014 дар остонаи Рўзи Ваҳдати миллӣ таъкид намуда буданд: «Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намояд».

Дар робита ба ин, бояд гўем, ки барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкими он воситаҳои ахбори омма, ба хусус радио ва телевизион нақши бузург доранд. Воситаҳои ахбори омма имрўз ҳам рисолати хешро сарбаландона иҷро намуда истодааст, ки дар ин корзори шараф меҳнату фаъолияти босамари ҳар яки шумо, ҳамкорони азиз шоистаи таҳсин аст!

Ҳамкорони азиз, мову шумо масъул ба фаъолияти дастгоҳи муқтадири иттилоотие ҳастем, ки дар бобати сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин ахбору навигариҳо аз дохилу хориҷи кишвар мавқеи асосӣ дорад. Аз ин рў, моро зарур аст, ки вобаста ба таҳаввулоти замони муосир тарғиби сулҳу субот ва оромиву осоиши кишвари маҳбубамонро бештар ба роҳ монда, ба хотири таъмини амният ва ҳифзи сарзамини муқаддас аз тамоми нерў ва қобилияти эҷодии худ истифода намоем. Зеро гузашти айём нишон дод, ки рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ягонагӣ сахт вобаста мебошад. Дар робита ба ин, ҳар як корманди радио ва телевизион ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки ин минбари суханро бояд барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандўстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад. Мо бояд фаъолияти ҳаррўзаи худро ба хотири амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаамон равона намуда, ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизамон ва Ваҳдати миллиро тарғиб созем. Рисолати касбиямонро дар назди миллату давлат сарбаландона иҷро намоем.

Ҳамкорони азиз, бори дигар шумо ва дар симои шумо аҳли оила ва пайвандону азизонатнро ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ муборакбод мегўем. Бигзор ин шоҳкории беназиру боазамат барои шумо ҳамеша иқболу хуррамӣ ва саодату сарбаландӣ орад!