Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, ширкатҳои сайёҳӣ зина ба зина ба фаъолияти маъмулӣ бармегарданд. Дар ин бора, Умед Солеҳзода корманди Раёсати  муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳӣ дар суҳбат бо Радиои Тоҷикистон  гуфт, ки  “ширкатҳои сайёҳӣ дубора ба кор шуруъ намуда, имтиёзҳо ва сабукиҳо ба субектҳои хизматрасонӣ соҳаи сайёҳӣ пешбинӣ гардид”.

Гуфта мешавад, ки  чораҳои андешидашуда, пеш аз ҳама ба коҳиш додани таъсири каронавируси COVID-19 ба саноати сайёҳӣ  равона шуда, дар  ин замина Фонди зиддибӯҳронии дастгирии сайёҳӣ ҳам таъсис ёфтааст. Ҳафтаи равон зимни як видеоконфронс  таъсиси ин фонд баррасӣ шуда буд. Фонди мазкур барои дастгирии субъектҳои соҳаи сайёҳӣ дар ҳама сатҳҳои занҷираи саноати соҳа,  равона карда  шудааст.  Дар видеоконфронси мазкур, намояндагони шарикони рушд ва инчунин донорҳои байналмилалӣ, ширкат варзида буданд.    Дар ҳамин ҳол,  корхонаҳо ва ширкатҳое, ки ба қабули сайёҳон банд буданд, баъди  таътили  якуниммоҳа, ки  муваққатан фаъолияташон қатъ гашта буд, дубора ба кор шуруъ намуданд.

«Ориёнтур» аз ҷумлаи  ширкатҳои сайёҳие мебошад,  ки аз соли 2014 инҷониб ба меҳмонон ва сайёҳонон хориыӣ хизмат мекунад, фаъолияташро дубора оғоз намуд. Руслан Ҳамроқулов, муовини раиси  ширкати сайёҳии  «Ориёнтур»  аз вазъи феълии фаъолияти ширкат дар суҳбат ба мо гуфт: «Ширкати сайёҳии “Ориёнтур” дар давраи пандемияи каронавирус аз фаъолият боз монда буд, ҳоло фаъолияташро дубора оғоз кард. Ин ширкат дар давраи карантин ягон зарари молиявӣ надид, зарари каронавирус  танҳо ба маъоши моҳонаи коргарон монеа эҷод кард»

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи таъсири бемории сироятии СOVID-19 бинобар чораҳои карантинӣ дар кишварҳо корхонаҳои соҳаҳои сайёҳӣ, нақлиёти ҳавоию заминӣ, хизматрасонӣ, бахусус хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Тоҷикистон бештар зарар диданд.

Танҳо дар соҳаи сайёҳӣ тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 майи соли 2020 215 ширкат ва 282 субъектҳои хизматрасон, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, ҳостелҳо бо шумораи умумии 4648 корманд фаъолият мекарданд.

Бо назардоши ин вазъият, тибқи яке аз бандҳои фармони Президенти кишвар  «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иншоотҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, ва осоишгоҳҳо, таътили пардохтҳои андозӣ аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 муқаррар карда шуд.

 

Саидов Шоҳин

Радиои Тоҷикистон