Русия бори дигар барои мизбонии музокироти мустақими созиш байни тарафҳои  Фаластинӣ ва Исроилӣ эълом омодагӣ кард. 

Намояндаи Русия дар нишасти шӯрои амнияти СММ гуфт, кишвараш омодаи талош барои эҳёи раванди музокироти созиш байни Фаластин ва Исроил ҷиҳати таҳаққуқи сулҳ бар асоси қатъномаҳои байналмилалӣ ва тарҳи сулҳи арабӣ аст, ки дар ниҳоят ба ташкили кишвари мустақили Фаластин дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти Байтулмуқадаси шарқӣ анҷом шавад.

Шӯрои амнияти СММ рӯзи 25 июн нишасти фавқулъодаро ба манзури баррасии тарҳи Исроил  замимаи  Каронаи бохтарӣ баргузор кард.  14 кишвари узви шӯрои амният ба истиснои Амрико аз Исроил хостанд тарҳи илҳоқи каронаи бохтариро, ки қарор аст аз ибтидои моҳи июл иҷро шавад, мутаваққиф кунад.

Бояд гуфт пеш аз ин, беш аз ҳазор намояндаи парлумонҳои кишварҳои мухталифи Аврупо дар номае саркушодае бо ҳаргуна тарҳе аз сӯи Исроил барои замимаи  бахшҳое аз каронаи бохтарии рӯди Урдун мухолифат карданд.  Онон  дар ин нома нигаронии амиқ худро аз чунин пешниҳодҳо иброз дошта ва хоҳони вокунши муносиб ба он шуданд.

Аз сӯи дигар Антонио Гутереш, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид низ ин иқдоми эҳтимолии Исроилро яке аз ҷидитарин мавридҳои  нақзи қавонини байналмилали унвон  кард.   Ҳудуди  50 коршиноси ҳуқуқи башари созмони милали муттаҳид низ тарҳи Исроилро маҳкум карда ва онро навъе аз апартеид дар қарни 21 тавсиф кардаанд.

Гурӯҳҳои Фаластинӣ дар канори иттиҳодия Аврупо ва бисёре аз кишварҳои араб ҳам ин сиёсатро маҳкум кардаанд,  аммо Америка мегӯяд тасмим ниҳоӣ дар ин хусус бар ӯҳдаӣ Исроил аст.

Исроил каронаи ғарбии рӯди Урдун ва Ғаззаро дар ҷараёни ҷанги соли 1967 бо шикаст додани артишҳои Урдун ва Миср тасарруф кард. Ҳамакунун  чандсад ҳазор шаҳрванди Исроил дар шаҳракҳои воқеъ дар каронаи ғарбӣ зиндагӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки қатъномаҳои Созмони милали муттаҳид ва Иттиҳодия Аврупо сохти шаҳракҳои яҳудинишинро ғайриқонунӣ ва ин манотиқро таҳти ишғоли низомӣ медонад.