Ҳафтаи сипаригардида дар шабакаҳои марказии телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба намоиш гузошта шуд. Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнўи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурўҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад.

Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террорис­тии ин афроди фурўхташуда нишон дода мешаванд.

Инчунин филми «Хиёнат» дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Ютуб» ва «Фейсбук» низ дастрас аст. Аз тамошои ин филм сокинони касбу кори гуногун дар канор набуда, вокуниши худро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар рўзномаву маҷаллаҳо дарҷ мекунанд. Мо низ таасуроти чанде аз сокинони кишварро доир ба ин филм пешкаши хонандагон мегардонем.

Сафар Халилзода,

 сокини н. Ховалинг

Тамошои филми ҳуҷҷатии ”Хиёнат” маро водор намуд, ки қалам ба даст гирифта, дар бораи амалҳои хиёнаткоронаи Ҳизби террористӣ – экстремис­тии наҳзати ислом ва роҳбарони ватанфурўши он бори дигар андешаҳои худро баён дорам.

Гарчанде Кабирӣ ва думравонаш имрўз дар сомонаҳои интернетӣ нисбати давлату роҳбарони он санги маломат зананд ҳам, мардуми Тоҷикис­тон кию чӣ будани онҳоро медонад. Медонад, ки ин хоинони миллат ҳоло ҳам аз нияти нопоки худ барнагаштаанд.

Шоҳид гардидем, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дигарон он тараф, хешу табор ва наздиконаш барои хиёнати ба давлату миллатнамуда ба Кабирӣ лаънат хонданд. Аз лаънаткардаи халқ будан, барои инсон ҷазои вазнинтаре нест. Гарчанде Кабирӣ аз тарси ҷазо дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурда бошад ҳам, ҳукми ҷазои ўро халқ, онҳое, ки ранҷу азоби хиёнати ба давлат намудаи ўро кашидаанд, баровардаанд, ки он лаънаткардаи халқ аст.

 Ғулом Кенҷаев,

собиқадори меҳнат

Чанд рўз қабл аз тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро тамошо карда, хос­там назари худро ҳамчун як нафар шаҳрванд иброз намоям. Мехоҳам бо ин нигоштаҳои худ ба саркардаи гурўҳҳои хиёнаткор Муҳиддин Кабирӣ расонам, ки мисли ман ҳазорон тоҷикистонии шоҳиди воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта ва бедодгариҳои наҳзатиён зиндаанд. Мо намегузорем, ки ўву ў баринҳо бо шайтониву иғвоангезӣ осудагии мову ҳамватанонро дарҳам занад.

Азиз Гурезов,

аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан»

 Тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” барои мани ҷавон, ки он ҳодисаву воқеаҳои сахту сангин ва нангинро бо чашми сар надидаам, хеле риққатовар буд. Дидем ва эҳсос кардем, ки ин ҷанг ҷанги яку якбора ва ба содагӣ бавуқўъпайваста набудааст, балки нақшаи тарҳрезишудаву санҷидашудае будааст, ки ҳадафмандона роҳандозӣ гардидааст. Аз ин рў, бигзор онҳо ба ҷазои худ ҳамчун хоинони Ватану миллат бирасанд, зеро ҳар амали онҳо хиёнат аст. Хиёнат ба ин сарзамин, хиёнат ба шаҳидони роҳи озодӣ, хиёнат ба миллат ва Ватан, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт бояд бахшида нашавад!

Саёҳат Абдуллозода,

сокинни ноҳияи Ёвон

«Замоне меояд, ки мардуме пайдо шаванд, ки дини хешро ба матои ночизи дунё мефурўшанд”. (мухтасари Муслим: 118 ). Афсўс, замоне, ки садсолаҳо қабл пешгўӣ шуда буд, омадааст, исботи далели мазкур аъзои ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ мебошад. Филми ҳуҷҷатӣ бо далелҳои амиқ аз хиёнатҳои роҳбарияти ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ пахш гардида, ҳақиқатро ошкоро сохт. Имрўз бештари ҳамдастон ва ё бо роҳи фиреб роҳгумзадагони наҳзатӣ ошкорову бепарда ҷиноятҳои кардаи хешро иброз доштанд, ки паси ин ҳама роҳбарияти наҳзати ва хоҷагони ба онҳо маълум меистад.

 Фаридун Хайруллозода,

директори радиои “Ҳамсадо”

Филми “Хиёнат” – филми тарбиявие буд, ки бори дигар ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро водор мекунад то зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳамеша шукргузор аз Ватану миллати хеш бошад.

Ба кишваре, ки мо дар он зиндагӣ дорем, волидону бобову бибиҳои мо ва кулли бузургони мо дар он ба воя расидаанд, наметавонем хиёнат карда бошем. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мо ҳоло таввалуд нашуда будем, аммо бузургсолони мо ҳамеша талқин мекунанд, ки бояд ба абармарди сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипоси бепоён бигўем, чун моро аз чунин ҳолат, аз вартаи нобудшавӣ берун овард. Ин ҳама бояд дарси ибрат барои ҳар фарди Ватандўст бошад.

 Рамазон НАСРИДДИНЗОДА,

сокини ш. Бохтар

Имрўз “Телевизиони Тоҷикистон” рисолати бузурги худро ҳамчун ошкоркунандаи ҳақиқии оғози муноқишаҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар рўшантар кард. Ҳамчун як тамошобин пешниҳод дорам, ки амалҳои ҷиноиву бадкирдоронаи ин хоинону заҳҳоксириштон бештар намоиш дода шавад, зеро насли имруз, ки ҳамагӣ 20-25 сол дорад, аз амалҳои зишту гумроҳона ва пулпарастии бадхоҳони хоки муқаддаси Тоҷикистон ба пуррагӣ огоҳ нест. Ин филм саривақтӣ буда, такони ҷиддие барои мустаҳакамии пояҳои давлатдории мо гузошт, зеро бори дигар чеҳраи аслии бадкешони давлатро нишон дод. Ташаккур ба таҳиягарони филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”.

Абдурозиқи АЗИЗ,

журналист

Аз ҷараёни филм огоҳ мегардӣ, ки бархе ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарафзо замина гузоштанд. Саркардагони ТТЭ ҲНИ дасисаҳо тарҳрезӣ карда, баҳри расидан ба ҳадафҳои нопок, на танҳо ба миллату давлат, балки ба хешу пайвандон ва наздиконашон хиёнат карданд. Мо мардуми Тоҷикистон муттаҳид гардида аъзову пайравони ин бадхоҳону бадтинатони миллату Ватанро, ки таҳти саробонии хоину мазҳабфурўшон ва хоҷагони хориҷиашон қарор доранд, ҳатман бояд решаканашон намоем.

Ташаккур ба офарандагони филм….!

Муҳайё Саидамадзода

сокини н. Шуғнон

Барои мо ҷавонони даврони соҳиб­истиқлолӣ тамошои ин филм сабақҳои зиёде дод. Чун мо он солҳои пурфоҷеаро бо чашми сар надида будему танҳо аз нақли бузургонамон шунида будем. Имрўзҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ аз даҳшати он солҳо ва ҷиноятҳои нангини хоинони миллат аз филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” воқиф гардидем. Пас аз тамошо ба хулосае омадам, ки ин хиёнатпешагон фақат имрўз доранд. Онҳо андешаи фардо надоранд ва ҳар нафаси онҳо ба худи онҳо тааллуқ надорад, балки дар ихтиёри хоҷагонашон мебошад. Мутаассифона мо насли ҷавон ва ояндагон аз беномусии онҳо бори нанг мекашем.

 Ёрмаҳмад НИЁЗӢ,

коршиноси масоили сиёсӣ

Дар қисмати сеюми филм дар бораи дастгоҳҳои таблиғотии ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳое, ки ба ин ташкилот тааллуқ доранд, маълумот дода шудааст. Гуфта мешавад, ки чӣ гуна ин сомонаҳо-«Ахбор.ком», «Ислоҳ.нет», «Кимиёи саодат», “Паём.нет”, “Наҳзат.ру”, ки аз ҷониби мақомоти судии Тоҷикистон ҳамчун сомонаҳои хусусияти террористидошта эътироф шудаанд, аз ҷониби ҲНИ маблағгузорӣ шуда, бар зидди давлату миллати тоҷик маводҳои ғаразаноки беасос нашр карда, ақидаҳои зиддимиллии наҳзатиёнро тарғибу ташвиқ мекунанд.

Филми «Хиёнат» симои аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онҳоро фош сохт. Мардуми тоҷик бори дигар мутмаин гаштанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, бо хиёнат ба миллату давлати худ дар ҷомеа ҷойгаҳ нахоҳад ёфт.

 Таҳияи Хуршеди АБДУАЛИМ,

рӯзноманигор