Нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта матолиби хабариву таҳлилӣ фарогири масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон чоп кардаанд. Дар маркази таваҷҷуҳи шумораҳои нашршуда  23-юмин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва мавзуҳои вобаста ба  бемории сироятии  COVID-19 қарор дорад.

“Ҷумҳурият”

   Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 24 июн, дар сармақолаи худ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон” ба нақши тақдирсози Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвар таъкид кардааст.

Ба навиштаи муаллиф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд, масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд.

Муаллиф дар идома менависад, ки роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад.

Ба хулосаи муаллиф,  дар солҳои мудҳиши 1992 – 1997 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризмро тани танҳо ба дӯши худ гирифта, бар ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ аз  паҳншавии он дар минтақа ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард. Аз ин рӯ, насли ҷавони мо бояд аз ин ҳақиқати талх, вале бисёр сабақомӯзи таърихи навини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалаташ бирасад ва онро арҷгузорӣ намояд.

Дар матлаби дигари ин нашрия рӯзномаи “Ҷумҳурият”  мақолаи Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси  Кумитаи иҷроияи  Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо номи “Сарнавишт. Андешаҳо дар бораи ваҳдат ҳамчун дастоварди гаронбаҳои миллӣ” чоп кардааст.

Муаллиф дар ин матлаб навиштааст, ки ваҳдати имрӯзаи миллии мо гаронбаҳотарин дастоварди миллат дар тӯли таърихаш аст, ки гарави истиқлоли бегазанди кишвар буда, рушди босуботи миллиамонро ҳам барои имрӯз ва ҳам барои садсолаҳои баъдӣ таъмин месозад.

“Садои мардум”

     Рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи Малиси Олии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи 25 июн дар саҳфаи аввали худ  аз натиҷаҳои сафари кории Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав ва ширкат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 75 — умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хабар ва аксҳоро чоп кардааст.

Инчунин дар саҳфаи аввали ин рӯзнома мақолаи Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон зери унвони “Рӯзи Ваҳдати миллӣ- Рӯзи эҳёи миллат” ба чоп расидааст.

Муаллиф дар ин матлаб менависад: “ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои мардуми заҳматқарини кишвар ҳоло аз харобаҳои он замон осоре намондааст, вале захмҳои ҷанг дар дилҳо пурра шифо наёфтаанд. Ин, албатта, як навъ ҳушдорест, ки дар олам неъмате беҳтар аз сулҳу ваҳдат ва озодию истиқлол нест. Бояд ба қадрашон расему ҷиҳати таҳкимашон пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем”.

Дар рӯзномаи “Садои мардум” ҳамчунин мақолаҳои пурмуҳтавое дар мавриди аҳамият ва ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ дар таъхири навини Тоҷикистон бо номи “Таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии ватан”, “Меваи шаҳдбори даврони истиқлолият” ва “Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман гусаст?”  нашр шудааст.

“Ҷаҳони паём”

Ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” нашрияи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ дар шумораи рӯзи 24 июн, матолиби ҷолибу хондани дар бораи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, саҳми Пешвои миллат дар барқарории суботу амният дар Тоҷикистон ва ҳамчунин нақши телевизион ва радио дар таҳкими сулҳу осоиштагӣ дар кишвар, чоп кардааст.

Дар матлабе зери унвони “Тараннуми ваҳдат” зикр мешавад, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳадти миллӣ дар баробари шабакаҳои телевизонии кишвар,  Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он низ дар маҷмуъ наздики ҳазор дақиқа барнома ва гуфторҳо таҳия кардаанд.

“Нидои сулҳофарин” мақолаи дигарест, ки дар ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” нашр шуда,  он аз нақши созандаи  барномаи “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар” дар амри бозгашти паноҳҷуёни тоҷик аз Афғонистон ба ватан,  сӯҳбат мекунад.

Ба навиштаи муаллиф барномаи мазкур дар давоми солҳои 1993-1996 вазифаи таърихии худро ба халқу ватан анҷом дода, ҳамчун садои сулҳофарин дар қалби ҳазорҳо паноҳҷӯёни тоҷик ҷо гирифт ва онҳо ба ватани аҷдодии худ бозгаштанд.

“СССР”

     Ҳафтаномаи “СССР” дар равзанаи сардабир матлабе бо номи “Стопппп” чоп карда, аз сардаргумӣ дар истифодаи Ӯ-и дароз дар забони тоҷикӣ интиқод кардааст. Сайёфи Мизроб дар ин матлаб менависад, ки дигар метарсад матолиби хабарнигорони ҷавонро дар мавриди истифодаи Ӯ-и давроз ислоҳ кунад, зеро ҳар кадом тарзи навишти  худро дуруст мешуморад.

Муаллиф дар муроҷеат ба Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хостааст, ки ба ин сардардумӣ дар истифодаи Ӯ-и дароз хотима бахшад.  Ба таъкиди муаллиф Ӯ-и дароз моли забони тоҷикӣ аст ва бояд бошад!

Нашрияи “СССР” дар матлаби дигаре бо номи “Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт…”, ки ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст, дар шароити бемории ҳамагири КОВИД-19 мардумро ба сарҷамъӣ даъват кардааст.

Ба навиштаи муаллиф ҳанӯз дар ҷомеаи кишвар мушкилот зиёд ва касе даъво накардааст, ки мо дар сиёсату иқтисод ва иҷтимоиёт ва фарҳанг ба базинаҳои олӣ расидаем. Вале дар муддати 25-30 сол, ки дар назди таърих як мижа задан аст,  Тоҷикистон ба муваффақиятҳои хеле назаррас ноил шудааст.

“Тоҷикистон”

      Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар мақолае бо номи “Хиёнат” ва Хиёнаткор” назари чанд тан аз олимон ва таҳлилгаронро дар мавриди филми мустанади “Хиёнат”, ки ахиран аз шабакаҳои телевилонии кишвар нашр шуд, чоп кардааст.

Дар ин матлаб Шариф андешаҳои Ҳамдампур сармуҳаррири нашрияи “Тоҷикистон”, Ёрмаҳмад Ниёзӣ, мудири пажӯҳишгоҳи Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Абдураҳим Каримов аз муасисони ТЭТ ҲНИ, Муъмин Назаров, мудири пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи ДМТ чоп шудаанд.

Аз ҷумла Саъдӣ Маҳдӣ, декани факулетти журналистикаи ДМТ дар муроҷиат ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки ватандӯст бошанду манфиатҳои ватану миллатро дар ҷойи аввал гузоранд.

Барои гуфтаи Саъдӣ Маҳдӣ дар филми “Хиёнат” чанде аз рӯзноманигорон зикр мешавад, ки бо маблағ сабту навор фурӯхтаанд ва ин бояд барои рӯзноманигорони оянда ибратомӯз бошад!

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре  зери унвони “Кӣ аз Русия меояд?”,   посухҳои сафири Тоҷикистон дар Русия  Имомуддин Сатторӣ доир ба чӣ гуна билет харидан ба хатсайрҳои чартерӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия ба ватан меоранд, чоп кардааст.

Имомуддин Сатторӣ  дар  посух ба ин суолҳо гуфтааст, ки дар навбати аввал занон бо кӯдакони хурдсол, занони ҳомила, шахсони пиронсол ва беморони вазнин ва баъдан   шахсоне, ки қаблан бо корҳои хизматӣ ба Русия омаданду ин ҷо дармондаанд, сабти ном мешаванд. Вай дар идома гуфтааст, ки қарор аст аз Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳои Русия 8 парвоз тариқи хатсайрҳои чартерӣ ба Тоҷикистон анҷом дода шавад.

Дар баробари ин сафири Тоҷикистон дар Русия таззакур додааст, ки фурудгоҳ рафтану ба хазинаҳои билетфурӯшӣ занг задан барои харидани билет зарурат надорад, зеро билетҳо танҳо мувофиқи рӯйхати аз ҷониби комиссия таҳияшуда фурӯхта мешаванд.

“Фараж”

  Ҳафтаномаи “Фараж” мақолаи Абдухалил Холиқзода раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Синои Душанберо чоп кардааст.

Муаллиф дар ин матлаб  ёддоштҳои худро аз рӯзҳои аввали хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон нашр карда, дар ин замина аз набудани рӯзноманигорони касбии соҳавӣ (манзур соҳаи тиб) ва таҳлукаи беҷои аҳолӣ суҳбат кардааст.

Ба навишати Абдухалил Холиқзода бӯҳрони вируси корона баъзе камбудиҳои ҷомеаи моро бармало кард ва яке аз ин мушкилот набудани рӯзноманигорони ошно бо соҳаи тиб буд, ки дар расонидани иттилоъи дуруст ба мардум мушкил пеш овард.

Муаллиф дар идома менависад, ки бар асари мубориза бо масъулин барои таъйиди вуруди вирус ба кишвар баъзе рӯзноманигорон масъулияти худро фаромӯш ва мардумро ба тарсу ваҳшат даргир карданд.

Дар ҳоле ки ба андешаи коршиносон, касоне ки бар асари ваҳму ваҳшат фавтиданд, зиёданд ва бояд донист, ки қалам низ мисли вирус сабаби марги одамон шуда метавонад! – менависад муаллиф.

Хулосаи матлаб ин аст, ки  бӯҳрони вируси КОВИД-19  як воқеиятро бори дигар бармало кард, ки дар кишвар ҷойи рӯзноманигорони соҳавӣ холист ва мутаассифона ин хало барои мо беҳад гарон тамом шуд.

“Имрӯз NEWS”

    Рӯзномаи “Имрӯз NEWS” матлабе бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва модели тоҷикии ҳалли низоҳҳои дохилӣ” нашр кардааст, ки муаллиф дар он аз аҳамияти минтақаии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон сухан гуфтааст.

Ба навиштаи муаллиф ин ҳуҷҷати тақдирсоз на танҳо боиси таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон,  балки барои таъмини амният дар Осиёси Марказӣ мусоидат кард.

Муаллиф дар идома менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавии сиёсӣ, истодагарӣ ва ҷасорат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида бахшида, амнияту суботро дар минтақа низ таъмин намуданд.

Рӯзномаи “Имрӯз NEWS” дар матлаби дигаре бо номи “Суду зиёни коронавирус”  паҳлуҳои мусбат ва манфии бемории КОВИД-19 ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Аминҷон Одинаев таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар ин мақолаи худ навиштааст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ  рушди ММД  0.5 дарсад нисабти соли гузашта коҳиш ёфта, ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ то 72.3 миллион сомонӣ кам шуд.

Аз сӯи дигар муаллиф навиштааст, ки пандемяи КОВИД-19 ҷанбаҳои мусбат низ дорад.  Аз ҷумла ин бемории ҳамагир боиси рушди саноати дорусозӣ, афзоиши таваҷҷуҳ ба омода кардани мутахассисони вирусология, эпидемиология ва реаниматология, тақвияти фаъолияти олимони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, биология ва кимиё ва муқаррар намудани банди алоҳидаи зиддибуҳронӣ дар барномаҳои давлатӣ дар кишвар шуд.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ

Радиои Тоҷикистон