Дар майдони сурхи шаҳри Москва рӯзи 24 июн паради  низомӣ ба муносибати 75 солагии ғалаба бар Олмони фашистӣ баргузор шуд. Давлати Русия бо назардошти пандемияи COVID-19 баргузори гузашти низомиро ба муносибати рӯзи Ғалаба аз рӯи 9 май ба 24 июн ба таъхир гузошт.

Ба гуфтаи расонаҳо Президенти Русия Владимир Путин рўзи 24 июнро барои таҷлили ин иди бузург рўзи мувофиқ шуморидааст, чун маҳз дар ин рўз нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Ҷиҳати иштирок дар сафороии низомӣ ба муносибати 75 солгарди ғалаба дар ҶБВ дар шаҳри Маскав сарони як қатор кишварҳо бо даъвати Владимир Путин ба Маскав сафар кардаанд. Аз ҷумла раҳбарони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва  Беларус  дар таҷлили рӯзи Ғалаба дар Русия ширкат карданд.

Президентони Туркманистону Азарбойҷон инчунин сарвазири Арманистон бинобар сабаби шиддати вазъи марбут ба бемории Каронавирус ба Маскав намояндаҳои худро фиристоданд. Ин паради низомӣ бо ҳузури 15 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва беш аз 200 адад техника, инчунин тибқи маълумоти пешакӣ 75 адад ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ сурат гирифт.

Таҷлили ғалаба бар фашизмро коршиносон василаи мутаҳҳидсозандаи кишварҳои пасошӯравӣ медонанд. Баргузори ин чорабинии бошукӯҳ дар чунин шароит ҳадафҳои бузургтареро дар пай дорад. Назари ду коршиноси сиёсӣ оварда мешавад. 

 

           Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшинос

Аз  назари таърихӣ  ғалаба аз болои фашизм дутарафа аст, яъне  Иттиҳоди  Шўравӣ аз як сӯ аз ҷониби дигар Британия, Амрико ва мамолики ҳампаймони онҳо қарор доранд.  Ҷои инкор нест, ки дар саҳнаи асосии ҷанг Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт, зеро бевосита бо душмани худ дар набард буд. Талафот ҳам  нуқтаи назари математикӣ- миқдорӣ аз фронти шарқӣ, яъне Иттифоқи Шўравӣ  ба маротиб бештар буд. Шарикии кишварҳо дигар бо Иттиҳоди Шӯравӣ бар асоси баъзе манофеи дарозмуддат дар  Ҷанги ҷаҳони дуюм сурат гирифтааст. Аз ин нуктаи назар ин ғалаби муштарак бар зидди офати асри 20, яъне фашизм буд. Гузашта аз ин, имрӯз кӯшишҳое, ки аз ҷониби баъзе доираҳо барои сабт кардани ҳама дастовардҳо ба номи русҳо дида мешавад, амали беадолатона аст.  Агар имрӯз ҳар кишвари собиқ Шуравӣ саҳми худро ҷудо кунад, пас аз он ифтихороти мушарак чизе боқӣ намемонад.

Чун ба баргузории парди ҳарбӣ дар шаҳри Маскав ба ин муносибат назар кунем, воқеиятҳои дигар аён мешавад.  Иди ғалаба ин ягона чорабиниест, ки аз 15 ҷумҳурии собиқ Шўравӣ як қисми асосӣ 8-9 кишварро муттаҳид мекунад. Коронавирус баҳонаи хубе ба баъзе кишвару тарафҳо гарид, ки ба истилоҳ “калаванда” буданд.  Ба ибораи дигар онҳо мавқеи худро дар муносибат бо Русия ва Ғарб мушаххас накардаанд. Ба назарам онҳо фикр доранд, ки кадом қутбро интихоб кунем. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, то ҳанӯз  наздиктарин иттифоқчиёни Русия аз мамолики пасошӯравӣ боқӣ мондаанд.  Русия дигар чун давлатҳои Осиёӣ марказӣ ҳампаймон надорад. Албатта, ҳастанд кишварҳое, ки  дар  созмонҳои ҷаҳонӣ ва робитаҳои дуҷониба бо Русия ҳамкорӣ доранд, вале мисли 5 кишвари боқимонда аз Иттифоқи Шўравӣ дар Осиёи Миёна дўстони наздиктаре надорад. Инро бояд Русия дарк кунад. Ба фикри ман дар 30-40 соли оянда Русия ва Осиёи Марказӣ ба ҳамдигар ниёз доранд.

 

 

                      Амриддин Шарипов, коршиноси масоили байналмилалӣ

Ин кўшиши нишон додани омилҳои ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни кишварҳо мебошад, ки метавонад то як андоза барои ваҳдати амал дар оянда мусоидат намояд. Дар ҳамин самт имрўз дар ҷаҳони муосир як навъ рақобати доимии қудратҳо натанҳо ба хотири нуфуз, натанҳо ба хотири ба даст овардани сарчашмаҳои иқтисодӣ, балки барои нишон додани симои воқеии таърихии ҷараён дорад.  Чун ҳоло дар ҷаҳон тамоюли бознависии таърихӣ ва кўшиши таҳриф кардани он шиддат гирифтааст, ки ин самт натанҳо байни кишварҳои абарқудрат, балки байни кишварҳои миллӣ низ дида мешавад.

Аслан рақобати сиёсию иқтисодиву иҷтимоӣ байни кишварҳои ғарб ва Иттиҳоди Шўравӣ баъди ҷанги дуюми ҷаҳон бо як мавҷи тоза оғоз гардид, ки дар таърих бо номи “ҷанги сард” маъруф аст. Ин рақобат умуман қатъ нагаштааст, лекин дар замони муосир  хислати печидатар гирифтани он ба якчанд омил вобаста аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бештар шудани дастрасӣ ба иттилоот ба ҳар як нафари сайёра таъсир амиқ мерасонад.  Пеш аз ҳама майли ҷавонон ба сарчашмаҳои электронии шабакавӣ метавонад, ки дар зеҳни онҳо як симои мусбати ғарб бо сарварии Амрикоро мустаҳкам созад. Аз ҷониби дигар Русия мехоҳад, ки худро ҳамчун вориси воқеии Иттиҳоди Шўравӣ муаррифӣ кунад. Ҳатто ҳамин нуқта дар раъйпурсӣ оид ба тағирот ба Конститутсияи он дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин ин як раванди воқеии инъикоскунандаи ҷаҳонишавӣ аст, ки худи ҷаҳонишавӣ дар асл дар баробари баъзе пайвандҳои иқтисодиву шаффоф гаштани сарҳадҳо бештар хислати тарғиби фарҳанги ғарбиро дорад. Хоҳ нохоҳ ҳар миллат ва ҳар кишвар бо мақсади истодагарӣ дар шароит  аз ягон ҷиҳат вокуниш мекунад.  Дақиқ аст, ки дар сурати истиҳола ё фориғболӣ, кишварҳо ҳатто аз саҳнаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳонӣ  дур мешаванд. Ба ҳамин хотир рақобат миёни Русия ва хислати шадидтар гирифтааст. Ҳамзамон Русия мехоҳад, ки худро дар қиболи абарқудратҳо нигоҳ дорад ва имрўз абарқудратӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ натанҳо бо доштани ягон навъ яроқҳои муосир, балки бо доштани иқтисоди мустаҳкам, фарҳанги муосир ва дорои решаҳои амиқи таърихӣ, ҳамзамон фарҳанги ба қавле мудерни бо равандҳои муосири ҷаҳонӣ ҳамқадам ифода меёбад. Ин назокатро Русия хуб ташхис додааст.