Ҳинд аз ихроҷи ниме аз коркунони сафорати Покистон дар Деҳлӣ ба иттиҳоми “ҷосусӣ ва иртибот бо террористҳо” хабар додааст.   Бино бар эъломи Вазорати корҳои хориҷии Ҳинд, ниме аз коркунони сафорати Ҳинд дар Исломобод ҳам ба ин кишвар фарохонда шудаанд.

Ба  навиштаи рӯзномаи “Ҳиндустон-таймз” сафоратхонаҳои ду кишвар ҳар кадом ҳудуди 90 корманд доранд.

Вазорати  корҳои хориҷии Ҳинд бо даъвати  Сайид Ҳайдаршоҳ, кордори сафорати  Покистон, ин хабарро ба иттилои кишвари ҳамсоя расонидааст.

Ин  вазоратхона ҳамчунин дар як баёния эълом кард: “онҳо (дипломатҳои Покистонӣ) даргири фаъолиятҳои ҷосусӣ ва бо  гурӯҳҳои террористӣ дар иртибот буданд.”

Расонаҳои  Ҳинд, боздошт ва бадрафторӣ бо ду корманди сафорати ин кишвар дар Исломободро иллати ин тасмим унвон кардаанд.

Бояд гуфт, ки давлати Покистон ду дипломати ҳиндиро рӯзи 22 июн  ихроҷ кард.  Давлати  Покистон онҳоро  ба садами нақлиётӣ бо як шаҳрванди ин кишвар муттаҳам кардааст.  Вале  дипломатҳои ҳиндӣ  пас аз ихроҷ аз Покистон, неруҳои амниятии ин кишварро муттаҳам карданд, ки “пас аз рабудан ва шиканҷа” онҳо саъй доштанд, то аз онҳо иттилоот бигиранд.

Аз сӯи дигар, Ҳинд се ҳафта пеш ҳам ду корманд сафорати Покистонро ба иттиҳоми талош барои ҷамъоварии иттилооти низомӣ ихроҷ карда буд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Покистон дар посух ба ихроҷи дипломатҳои ин кишвар аз хоки Ҳинд зимни эҳзори кордори сафорат Ҳинд 50 дарсад аз дипломатҳои ин кишварро ихроҷ кард. Дипломатҳои  ҳиндӣ бояд зарф 7 рӯз хоки Покистонро тарк карда ва аз ин кишвар хориҷ шаванд.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ вазири корҳои хориҷии Покистон  дар вокуниш ба ин тасмим гуфтааст: “ҳиндиҳо ҳар гуна бо мо рафтор кунанд,  ҳамон гуна бо онҳо рафтор хоҳем кард.”

Бояд гуфт, ки омили аслии таниш миёни ду кишвар масъалаи ҳассосе ба мисли иёлати Кашмир ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷудоихоҳ аст. Ҳинду Покистон, ки ҳар ду қудрати ҳастаӣ   ҳастанд, аз соли 1947 то кунун се маротиба барои аёлати Кашмир  ҷангидаанд.