Ба назар мерасад, ки дар чанд моҳи охир гурўҳҳои гурезпо, ки дар пайгарди қонун ҳастанд, ҳамлаҳои лафзию иттилоотиашонро тақвият бахшиданд. Кабирӣ силсилаи суҳбатҳои онлайниашро чун филмҳои туркӣ ба сериал табдил дода, Шарофиддин Гадоев бо чанд  аккаунт ва чанд забон ҳазору як ҳилларо ба кор мебарад, то дурўғу буҳтонашро ба зеҳни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷо созад.

Ин ҳам дар шароити густариши вируси ҳамагири COVID-19 дар ҷаҳон ва бо таъхири чандмоҳа дар кишвари мо  авҷ гирифт. Дар ҳоле, ки дар ҳеҷ кишвари олам чунин намунае дида намешавад, то мухолифин ба ҷои иттиҳоду ҳамбастагӣ дар мубориза бо ин вабо, ҷомеаро ба тафриқаву инфоқ ва ҷангу нооромӣ даъват созанд. Ҳарчанд қудрату тавони ин гурўҳҳо  ба ҳама ошкору аён аст, ки онҳо ба чизе қодир нестанд, аммо фалсафа ва роҳи муборизаи ноҷавонмардонаашон дақиқан ин аст, ки онҳо ҳамеша аз лаҳзаҳои ҳассос истифода мекунанд, ҳоло низ истифода кардан мехоҳанд. Чунин фурсат бори аввал ба наҳзатиёни акнун дарбадар солҳои аввали истиқлолият даст дод, бо ақидаи асримиёнагиашон ҷомеаро ба ҷангу хароби кашида, аммо муваффақ нашуданд, ногузир сар хам карда, созиш намуданд.

Бо ин роҳи таъиншудаашонро ошкору пинҳон идома медоданд, билохир дар доми қонун дармонда ҳамагӣ фирорӣ шуданд. Ин навбат хуруҷи бемории ҳамагирии COVID-19-ро фурсати мусоид дониста, бо тамоми тавон ба танқиду таҳқири ғаразнок ва таҳлукаандозию дурўғбофӣ ба ҷониби ҳукумат шитофтанд. Ин ҳам басанда набуд, ахиран ошкоро ва бемасъулиятона ҷомеаро ба кудатову инқилоб ва тағйири ҳокимият даъват намуданд. Чунин даъватро бевосита роҳбари ин гурўҳ  борҳо аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ва расонаҳо анҷом дод. Вале воқеияти фазои иттилоотӣ чизи комилан дигарро дар муқобили хостаҳои наҳатиён бармало сохт. Мавҷи бесобиқаи вокуниши ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври бисёр табиӣ ва воқеъбинона бадхоҳони наҳзатиро дар ҳолати ногувор гузошт. Шояд онҳо фикр карда буданд, чун солҳои навадум шаҳрвандонро дубора гумроҳ месозанд, аммо вазъият, шинохти арзишҳову аҳамияти Ваҳдати миллӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва дарки бозиҳои геополитикӣ аз ҷониби шаҳрвандон кулан фарқ мекунад. Ҷомеа дар масири мусбат пеш меравад. Ин бор аз шахсиятҳои рушанфикр, соҳибмартабаву соҳибтафаккур сар карда то ноогоҳтарин корбари шабакаҳои иҷтимоӣ бо оҳанги бисёр сареҳу возеҳ вокуниш карданд. Бардошт ин аст, ки пайравони ТТЭ ҲНИ ба ҷои касби боварии мардум ба нафрату бадбиние мувоҷҷеҳ шуданд, ки хеҷ гоҳ тасаввур ва пешбинӣ намекарданд.

Аз гирудоре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд омад, ҳақиқати дигаре низ ошкор шуд, ки ин фирқаҳои дур аз ҳайсияти миллат, ҳатто роҳи бофарҳангонаи муборизаи сиёсиро намедонанд ва набзи ҷомеа, хостаҳову ниёзҳои иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ташхис дода наметавонанд. Вагарна бо чунин изҳороти нафратбарангез корбарони шабакҳои иҷтимоиро зидди хеш намешурониданд. Ҳамагӣ аз онҳо мепурсад, ки чаро ҳатто ҳамчун инсон дар паҳлуи ҳамватанон нестед? Оё чи саҳме дар мубориза дастҷамъона бо ин вирус гузоштаед? Оё хостаҳои сиёсии шумо дар шароити кунунӣ чи маънӣ дорад? Ба мисли онҳо садҳои пурсишҳои дигар матраҳ мешаванд, ки ягон масъули наҳзатӣ, ҳатто фейкҳои ин тоифа ҷавоб намедиҳанд. Ҳамеша камбуду мушкилотро аз будаш садҳо маротиба зиёду воҳимангез ҷилва медиҳанду халос. Дар воқеъ, мушкилот мавҷуд аст, ҳатто кишварҳои қудратмандтарин дар роҳи пешгирии COVID-19, оҷиз мондаанд. Раҳбарияти давлат ҳам ҳаргиз камбуду норасоиҳоро пинҳон надоштаанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такрор иброз доштаанд, ки мушкилот ҳаст ва он эҳтимолан бештар мешавад, вале мо бояд якдилонаву аҳлона роҳи муборизаро идома диҳем. Ҷомеа хуб дарк мекунад, ки иттиҳоду ҳамбастагӣ василаи ягонаи бечунучарои маҳви ин беморӣ ва рушду нумуи тамоми ҷанбаҳои дигари зиндагист.  Аммо ин гурўҳҳои зидди миллӣ дар марҳилаи мушкилу беш аз пеш ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ эҳтиёҷдошта даъват ба ҷанг доранд. Замоне, ки ошкоро Кабирӣ зери мафҳуми “тағйири ҳокимият” ба табодулоту ҷанг даъват намуд, корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернет ба таври бесобиқа ва табиӣ чунин хостаро маҳкум карданд. Мавҷи бузурги маҳкумсозиҳо бегумон нафрати беандозаро нисбат ба Кабирию дигар ёрони хоинаш ба бовар овард. Дида мешавад, акнун чунин муқовимати идеологии бархоста аз иродаи ҷомеа шарми онҳоро наоварда, роҳи ифлосашонро идома медиҳанд. Кабирӣ ин бор, гўё қишрҳои норозӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар карда, онҳоро пайравони содиқи худ меҳисобад, оё ҳамин қишрҳо набуданд, ки шуморо маҳкум карданд?

Аз баҳсу таҳқир ва буҳтону туҳмате, ки роҳбарон ва фейкҳои созмонҳои террористие монанди ТТЭ ҲНИ ва Гурўҳи 24 дида мешавад, ки танҳо мақсадашон бо фиребу найранг ва нозу карашма пиёда кардани манфиат асту халос, ин хоин ҳам ҷомеаро бо ҳар тариқе мехоҳанд, гул зананд. Масалан, Кабирӣ мегўяд, шумо агар ҳам ба ҳукумат эътимод надореду ҳам ба мухолифин, пас роҳи сеюмро интихоб кунед. Таҳлили мантиқӣ нишон медиҳад, роҳи сеюме, ки ин тоифаи гурезпо мехоҳанд, нооромию ҷангу кашмакашихри дигар аст, зеро дар ин шароит ворид шудани наҳзатиён дубора ба саҳнаи сиёсӣ осон мегардад.

Таҷрибаи таърихӣ исбот сохт, ки идеологияи наҳзатӣ ҳамеша бо ҷангу хунрезӣ ва даъват ба ғасби ғайриқонунии ҳокимият ҳамроҳ буд. Дар ин замина онҳо як зарра фикри худро дигар накардаанд, аммо усулҳояшон тағйир меёбад. Имрўз онҳо диданд, ки ҷомеа аз кирдорҳои анҷомдодаи ин тоифа дар гузашта нафрат доранд, акнун дигар эътиқоду боварии мардум василаи хунин шуда наметавонад, бо арзишҳои демократӣ дасисаҳои нав ба нав меофаранд. Дар ҳоле, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона дар муборизаи бо коронавирус қарор доранд, тамоми фирқаҳои ҷинояткору террорист ва даргурез аз панҷаи қонун, ки дар Аврупо лоббигарӣ карда, худро мухолифи сиёсии Тоҷикистон мешуморанд, дасти як бемору дармондаро нагирифтанд, ҳадди ақал аз нигоҳи руҳӣ дар паҳлуи мардум набуданд. Бар замми ин, бо истифода аз шароити мавҷуд, мехоҳанд, соҳиби қудрат шаванд, ин ҳам бо даъвати аҳолӣ ба инқилобу ғасби ҳокимият.

Тавону қудрат ва неруву зарфияти наҳзатиён ба ҷуз бо истифода аз минбарҳои гуногун олуда кардани афкори ҷомеа чизи дигаре нест. Шабакаҳои иҷтимоӣ сиришти дигар пайравони ТТЭ ҲНИ-ро ҳам ошкор сохтанд. Ҳамеша аз забони Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ин ташкилоти террористӣ таҳаммулпазирӣ садо медиҳад. Ҳатто замоне, ки ба таври расмӣ дар кишвар ин ташкилоти акнун террористӣ амал мекард, таҳаммулпазирӣ ҳамчун принсипи наҳзатиён дар расонаҳо таблиғ мешуд, Кабирӣ гуё ҷомеаро ба таҳаммулгароӣ ва танқидпазирӣ даъват мекунад, вале аъмоли пайваста ва баҳсу таҳқирҳое, ки аз ҷониби пайравони Кабирӣ дар интернет дида мешавад, хулосаи баръакс ҳосил мегардад.  Ба ҳама маълум аст, ки фейкҳои наҳзатӣ дар интернет нисбат ба масъулони давлатӣ чи ҳарфу суханҳои таҳқиромезу таҳвинолуде мезананд, ки дар доираи ҳеҷ гуна ахлоқи инсонӣ ва шеваи муборизаи сиёсӣ намеғунаҷад. Аммо ҷолибият ҷои дигар аст, ягон танқидеро нисбати амалҳои худ ва шахсияти Кабирӣ қабул намекунанд. Бо шеваи бисёр хашин ва эҳсосӣ ба  вокунишу танқидҳои созанда бархурд менамоянд. Пас саволе матраҳ мегардад, ки куҷо шуд, он ҳам талқину таҳмили ба истилоҳ “таҳаммулпазирӣ”. Бо ин ҳама  фикри дигар ҳам эҷод мешавад. Чун ба воқеияти муборизаҳои идеологии наҳзатиён дар интернет огоҳ мешавем, афроде, ки бо номҳои фейкӣ ё мустаор аз ин ташкилоти террористӣ пайравӣ мекунанд, дониши бисёр пасти динӣ ва сиёсӣ доранд. Ҳамзамон хеле эҳсосӣ ба назар расида, худ маълум месозанд, ки онҳо кистанд…

Дуруст аст, ки иттилоот худ қудрат аст, бо он метавон касеро ба роҳе ҳидоят карду аз он суд бардошт. Аммо қудрати нодоштаро бо иттилоот наметавон намоиш дод. Ҳамзамон ҳадафҳои ғаразноки зидди миллату асли хешро наметавон бо иттилоот сари дигарон таҳмил кард. Бо ин саҳнасозӣ, ҳангомабофӣ, тафриқаандозӣ ва мағзшўйии номуваффақи  ТТЭ ҲНИ дар олами беохиру беназорати интернет ҳар лаҳза бо шеваву қабои гуногун, дигар мешавад, вале мақсаду ҳадафи яксони онҳо ҳамеша аён аст. Фейк-мафҳуми ошное  барои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст, ки аксари гумроҳони ташкилоти ТТЭ ҲНИ ба зеҳни истифодабарандагони тоҷики шабакҳои иҷтимоӣ ҷо намуданд. Яъне онҳо бо ному насаби фейкӣ ё мустаор ба танқиду таҳқири шахсони аввали кишвар ва дар маҷмўъ миллат даст ба коранд. Ҳамин аст, ки  “обсофкунакҳо”, “хиёнатпешагон”, “худфурўш”, “гадои бегонагон”, “паймонкунандагони зиддимиллӣ” ва ин қабил ибораву калимот нисбат ба  пайравони  ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ корида мешаванд. Асли масъала ин аст, ки ҳамеша танқид боиси рушду рақобати солим ҷомеаҳо гардидааст, аммо падидае, ки  пас аз манъи фаъолияти ин гуруҳи тундрав дар кишвар ба мушоҳида мерасад, таҳқиру тавҳин дар қабои “танқид”  баён мегардад. Ба ҳар сурат ҷомеа худ ташхис хоҳад кард, ки киҳо барои танқид ислоҳ мекунанд ва киҳо таҳқир барои мақсадҳои шахсию гуруҳӣ. Ҳамоно як ҳақиқат аён ва як суол боқӣ мемонад: ин ҳам бошад онҳое, ки худро мухолифу аз берун ҳарфпароканӣ мекунанд, боқимондаҳои  наҳзатиён ҳастанд ва оё онҳо набуданд, ки бо барангехтани ҷанги шаҳрҳавндӣ доғи сиёҳе ба номи миллат оварда мушкилоти зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавиро ба миллат бор карданд?

Гузашта аз тақҳиру тавҳине, ки аз ҷониби ифротиёни наҳзатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои интернетӣ мушоҳида мекунанд, ки абзори муборизаи онҳо дин ва миллат қарор гирифтааст. Аҷиб аст, ки ТТЭ ҲНИ дар замони фаъолияташ дар кишвар  аз эҳсоси динии ҷомеа суйиистифода мекард, вале ҳоло дар хориҷ аз кишвар аз номи миллат истифода мекунад. Пўшида нест, ки фаъолияти ин ташкилоти террористӣ дар кишвар боиси ихтилофоти амиқи динӣ гардида буд, мантиқан на чун ҳизби сиёсӣ, балки ҳамчун иттиҳодияи динӣ баромад мекард.  Аз ин масъала ҷомеа огоҳ аст, тафсилот намедиҳем… Муҳим ин аст, ки  ҳоло дар Аврупо  бо ташкили эътилофи моҳиятан беарзиш ва қудрате бо номи “паймони миллат”  номи миллатро доғдор месозанд, зеро бадному беобрў шудани ин ташкилот замони даргириҳои Тоҷикистон, ки боиси коҳиши нуфузи иҷтимоиаш шуд, тамғаи дигар мехост. Рупўш кардани ҳадафҳои муғризонаи динии худ дар чашми ҷомеаи аврупоӣ, бо  қабои дунявӣ ва демократӣ намоиш додани фаъолиятҳои хеш  найранги дигар  гумроҳони ТТЭ ҲНИ маънидод мешавад.

Дар баҳсу баррасиҳое, ки дар интернет ва муҳити коршиноси сурат мегарад, кӣ будани мухолифу чигуна мухолифат доштан ҳам матраҳ мешавад. Шинохти қувваҳои мухолиф дар ҷомеаҳои маданӣ ҳамеша мусбат аст. Бояд гуфт, мухолифин абзори муҳиме дар ислоҳи камбудиҳо, эҷоди фикру андешаҳои солим ва созанда ҳастанд. Ҳамеша мухолифин алтернативаи таҳрикдиҳанда дар роҳу рушду пешрафти ҷомеа ва шеваи давлатдорӣ буду ҳаст. Бе шак ҷомеаи Тоҷикистон ҳам ба мухолифини солимандешу пешбаранда ва содиқ ба манфиатҳои умумимиллӣ ниёз дорад. Аммо то куҷо ТТЭ ҲНИ, ки ҳоло аз хориҷ аз кишвар ҳам худро “мухолиф” мешуморанд, барои рушду пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоштааст, аз таърихи муборизаҳо ва кирдори имрўзаашон баҳо бояд дод. Ин нукта ҷои баҳс нест, ки маҳз ТТЭ ҲНИ омили аслии ҷанги шаҳрвандӣ, доиман як манбаи буҳрони фикрӣ, фарҳангию маънавӣ ва монеаи иқтисодӣ буд.

Хиёнаткоронро таърихи халқ тоҷик зиёд дидааст, ки ҳама аз худ нишони нафратоваре боқӣ гузоштанд ва хиёнатпешагони имрўзи миллат ҳам дар пешгоҳи таърихи навин ҷавоб хоҳанд гуфт. Хоин ва террористу ифротгаро Ватан, миллат, давлат ва дар маҷмўъ, шахсият надорад, ҳамеша дар банди дигарон аст, ғулому бардаи ақида, афкор, суннат ва оини бегонагон дармондааст. Ин аст, ки тафаккури ин гуна инсонҳо тафаккури зиддимиллию динӣ, бунбастӣ ва орӣ аз ҳувияти миллӣ ва ғайри инсонӣ буда, танҳо дар доираи маҳдуди хурофоту таассуб ҷилва мекунад ва миёни башар заррае арзиш надорад, ҳамчун бозичае василаи ба ҳадаф расидани дигаронанду халос…

                                                                           Равшангуҳар Н.